Қосим-Жомарт Тоқаев: таърихи Ордаи Тиллоӣ арзиши бузург дорад

Shared to Facebook Shared to Max

19 майи соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Симпозиуми байналмилалии «Ордаи Тиллоӣ ҳамчун намунаи тамаддуни саҳроӣ: таърих, бостоншиносӣ, фарҳанг ва ҳувият» оғоз гардид, хабар додааст Zakon.kz.

Дар ҳамоиш ҳайати меҳмонон аз беш аз 20 кишвари ҷаҳон иштирок доранд, ки миёни онҳо таърихшиносон, бостоншиносон, шарқшиносон, туркшиносон, сиёсатшиносон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҳастанд.

Дар маросими ифтитоҳ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев суханронӣ намуд. Президент таъкид намуд, ки қудрат ва таъсири Ордаи Тиллоӣ ба рушди тамаддунҳои Авруосиё аз ҷониби таърихшиносон зери шубҳа қарор надорад ва таърихи ин давлат то имрӯз мавзӯи пажӯҳишҳои амиқ боқӣ мемонад.

Тоқаев ҳамчунин ба ЮНЕСКО барои дастгирии ташаббусҳои Қазоқистон изҳори сипос намуд. Ба гуфтаи ӯ, баргузории Симпозиум таҳти сарпарастии ЮНЕСКО аҳамияти ҷаҳонии мероси Ордаи Тиллоиро нишон медиҳад.

Президент саҳми ин созмонро дар ҳифзи мероси фарҳангии Қазоқистон, аз ҷумла ворид шудани мақбараи Хоҷа Аҳмади Яссавӣ, тасвирҳои сангии Тамғалӣ ва шаҳрҳои қадимиро ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО махсус қайд намуд. Ӯ ҳамчунин ёдовар шуд, ки соли 2025 дастнависи нодири «Насабномаи хонҳо», ки маълумот дар бораи ҳокимони давраи Ордаи Тиллоиро дар бар мегирад, эътирофи байналмилалӣ гирифт.

Зимни суханронии худ Тоқаев инчунин нақши олимони русро дар омӯзиши таърихи Ордаи Тиллоӣ муҳим арзёбӣ намуд.

➡️Zakon.kz