14 майи соли 2026 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Вазир-роҳбари Котиботи Конфронс Саноӣ Бойзода дар робита ба корҳои омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» (ш. Душанбе, 25-28 майи соли 2026) нишасти матбуотӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар брифинг ба роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвар, мақомоти давлатӣ ва инчунин васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ маълумоти муфассал оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси чоруми оби Душанбе пешниҳод гардид.
➡️Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

















