Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз рӯйи далели азхудкунӣ ва сарфи беҳудаи 391 млн сомонӣ маблағҳои “Агроинвестбонк” парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Бино ба маълумоти сардори Раёсати тафтишоти Агентӣ Қутбиддин Сафарзода, дар доираи ин парванда наздик ба 40 корманди масъули “Агроинвестбонк” (аз ҷумла кормандони собиқ), инчунин роҳбарони як қатор ширкатҳои Тоҷикистон бозпурсӣ мешаванд.
Сафарзода дар нишасти матбуотии рӯзи 28 июл гуфт, дар ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноятии зикршуда муфатттишон мақсад гузоштаанд, ки далелҳои пешниҳоди қарзҳои ғайриқонунӣ, азхудкунӣ ва сарфи беҳудаи онҳоро ошкор кунанд:
“Баъзе ҷузъиёти парванда набояд ифшо гардад. Дар пеш моро кори тӯлонӣ ва дақиқназарона интизор аст”, — таъкид кард Сафарзода ва афзуд, “давлат дар ниҳояти кор ба он ноил хоҳад гашт, ки амонатҳои саҳмдорони бонк баргардонида шавад”.
Ҳафтаи гузашта дар нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон гуфта шуд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” 211 млн сомонӣ қарзҳои амонатгузоронро баргардониданд.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин омор дар бораи ошкоршавии ҳолатҳои коррупсионӣ дар сохторҳои давлатӣ эълон шуд. Гуфта шуд, Агентӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 403 тафтиш гузаронида, 149,8 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардааст. Ҳамчунин 1218 ҷинояти коррупсионӣ муайян гардидааст:
“Дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ 116 ҷиноят, соҳаи маориф ва илм — 88 ҷиноят, тандурустӣ — 41, нақлиёт — 9, кишоварзӣ — 71, адлия — 21, меҳнат — 22, саноат — 2, молия — 2, энергетика ва захираҳои об — 1, кумитаи идораи замин — 60, “Барқи тоҷик” — 7, соҳаи бонкӣ — 96 ҷиноят ва ғайраҳо содир шудааст”, — афзуд манбаъ.
Аз ҷониби Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод 372 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакии 266 адади он нисбат ба 361 нафар ба анҷом расидааст.
Дар маҷмӯъ, дар ин давра аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 798 ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 922,6 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст.
Инчунин, 41 ҳолати вайрон намудани талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, ки хизмати якҷоя ва таъини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашударо манъ намудааст, ошкор карда шуда, ҳуқуқвайронкуниҳои мазкур бо пешниҳоди санадҳои эътиноии Агентӣ бартараф карда шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Сулаймон Султонзода, дар шаш моҳи аввали имсол ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 162 адад кам содир шудааст. Сабаби асосии камшавии ҷиноятҳо “тарғиботу ташвиқоти кормандони самти муқовимат бо коррупсияи Агентӣ дар вазорату идораҳо” арзёбӣ шуд.