10–12 май дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон боронҳои шадид, раъду барқ, шамоли сахт ва эҳтимоли сар задани сел пешгӯӣ мешавад, хабар додааст Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Боришоти шадид бештар дар ноҳияҳои Душанбе, Варзоб, Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Рашт, Панҷакент, Данғара, Кӯлоб ва Дарвоз дар назар аст.
Инчунин пастшавии ҳарорати ҳаво то 8–10 дараҷа ва баландшавии сатҳи баъзе дарёҳо пешгӯӣ шудааст.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки чораҳои эҳтиётиро риоя намуда, аз сафар ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.
Акс: аз манбаъҳои боз




