Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол Ҷоми Осиё-2026-ро, ки дар Арабистони Саудӣ идома дорад, бо ғалаба оғоз намуд, иттилоъ додааст ФФТ.
Дар даври якуми марҳилаи гурӯҳӣ шогирдони Далер Каёсов тими Таиландро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуданд.
Бозии навбатии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 9 май ба муқобили тими Мянмар баргузор мегардад.




