5 май муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба озодии ВАО Ян Браату мулоқот намуд, иттилоъ додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва авлавияти ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро дар доираи ченаки севвуми фаъолияти созмон, аз ҷумла дар самти таҳкими зарфияти рӯзноманигорон, инчунин таъмини амнияти иттилоотӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд.




