Дар ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар вилояти Суғд дастур дода шудааст, ки минбаъд дар шаҳри Хуҷанд арӯсу домод ва иштирокдорони дигари тӯй пеш аз маросим аз ташхиси коронавируси нав гузаранд:
“Ин тадбир барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ амалӣ карда мешавад”, — гуфтааст раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода.
Дар ҷаласа муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ аз сардухтурони марказҳои саломатии шаҳр ва дигар хадамоти соҳаи тандурустӣ вазъи ҳолати эпидемиологӣ ва ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирусро пурсидааст. Иттилоъ дода шудааст, ки ҳолати сироятӣ кам гардида бошад ҳам, хавфи он дар маконҳои серодам, бахусус ҳангоми риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ ҷой дорад.
Таъкид шудааст, ки айни ҳол дар давлатҳои ҳамсоя мавҷи дуввуми бемории сироятии COVID-19 хуруҷ карда, ҳолати дубораи карантинӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар ҳолати ташкил риоя нашудаи талаботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ эҳтимоли паҳншавии дубораи вируси COVID-19 дар Тоҷикистон вуҷуд дорад:
“Дар ин самт ҳар як масъул, дар навбати худ, тамоми шаҳрвандон вазифадоранд, ки барои пешгирии мавҷи дуюм боэҳтиёт бошанд. Риоя намудани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шарти муҳим ва зарурӣ дар мубориза бо ин вабои аср аст”, — таъкид шудааст дар фаласаи Ситод.
Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти шаҳри Хуҷанд гуфтаанд, бо сабаби риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ ва омилҳои дигар ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси COVID-19 дар шаҳр афзудааст.
Ҳамзамон дар ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар вилояти Суғд аз он нигаронӣ шудааст, ки дар баъзе аз марказҳои савдову бозорҳо ва ошхонаҳо чораҳои пешгирӣ аз бемории ҳамагир риоя намешавад.
“Дар сурати иҷро нагардидани чораҳо, фаъолияти ин марказҳои савдо бе огоҳӣ қатъ карда мешавад, зеро саломатии шаҳрвандон аз ҳама манфиатҳо боло меистад”, — гуфтааст Маъруф Муҳаммадзода.
Вобаста ба ин масъала дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарияти марказ бо мудирони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ баргузор гардидааст. Таъкид шудааст, ки пас аз зуҳури домангустарии пандемияи вируси COVID-19 тарзи ҳаёти шаҳрвандон ба низоми дигар ворид шуд, ки риояи ҳатмии он барои бехатарии солимии шаҳрвандон нигаронида шудааст. Аз сокинони талаб шудааст, ки зимни гаштугузор дар ҷойҳои ҷаъиятӣ аз ниқоб истифода баранд ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд. Ҳамчунин, фурӯшандагони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ худ ин талаботро иҷро ва ҳангоми ворид шудани харидорон қоидаҳои беҳдоштиро аз онҳо талаб намоянд, аз ҷумла меъёрҳои безараргардониро иҷро намуда, танҳо бо ниқоб вориди мағоза шуданро иҷозат диҳанд:
“Ҳамзамон қабл аз баромадан аз марказҳои савдо ва хизматрасонӣ амалҳои безараргардониро анҷом диҳанд, то ин ки манбаъҳои сироятиро ба хонавода ва ҷойҳои ҷамъиятӣ набаранд”.