Симфонияи исёни хирад ва тӯфони илҳоми яздонӣ: (Дар ҳошияи роман-новеллаи “Агар…”)

Shared to Facebook Shared to Max

“Мусиқии симфонӣ аз ашк, андуҳ, мотам, шодӣ, эътироз, исён ва мурдану зистан иборат аст”.

(Волфганг Амадей Мотсарт)

Дар иншои ин тақриз сараввал ба журналист, воқеанигор, хабарсози мумтози тоҷик Одили Нозир арзи сипос менамоям. Дар шароити имрӯза бо зарфияти нафақаи банда китобҳои нодири пурарзиш, мисли роман-новеллаи “Агар…”-и Шариф Ҳамдампурро харидан имконнопазир аст.

Аз усули бобоӣ истифода намудам. Ман аз сарзамини китобдуздони Бадахшон ҳастам (Ривоят мекунанд, ки дар деҳаи Дарморахт, зодгоҳи ман, мардум китобҳои Носири Хусравро медуздиданд). Барои ин китоби тозанашри роман-новеллаи “Агар…”-ро аз утоқи Одили Нозир оҳистаяк “бардоштам”. Ва бе наҳорӣ, хӯроки шом, бо бедорхобӣ саропо ҳарф ба ҳарф онро хондам. Ин ҷо чанд мулоҳизаву мушоҳидаамро оид ба ин асар барои хонандагон дареғ намедорам…

Тарҷумаи ҳоли аксар зиёиёни эҷодкор, ки дар оилаҳои маъруф ба воя расидаанд, аз зикри шуҳрати волидон сар мешавад. Вале шарҳи ҳоли Толибхон Шаҳидӣ аз шуҳрати касбии падараш – бунёдгузори мусиқии симфонии тоҷик дар охир ёдрас мешавад. Охири солҳои ҳаштодум фосилаи байни шуҳрати падар ва писар кам гардид ва ҳатто дар алоҳида жанрҳо Толибхон Шаҳидӣ (аниқтараш, аз соли 1987) бо шуҳрати падар ҳамвазн шуд. То ҷое огоҳӣ дорем, падару писар аз вазифа, мақом ва шуҳрати ҳамдигар ягон бор сӯистифода накарданд. Ҳамкорам, ки табиатан кунҷков ва хабаркаши моҳир ҳам аст, айёрона пурсид:

– Чаро маҳз соли 1987?

Одатан, ман барои посух ба афроди нофаҳм аз бузургон иқтибос намеорам. Омиёна ҷавоб дода, сукут ихтиёр мекунам. Аммо барои мутолиаи роман-новеллаи “Агар…” – китоб ё симфонияи маҳорати салиқаи “Агар…”, бояд пешакӣ ба даҳҳо “магар”-ҳо, “чаро”-ҳо, “чиро”-ҳо, “кӣ”-ҳо, “чӣ”-ҳо ҷавоб ҷӯст. Зеро дар ин китоб аз тафсири зиндагӣ ва таҳлили эҷодиёти нобиғаҳои мусиқии касбии симфонии Шарқ – Зиёдулло Шаҳидӣ ва Толибхон Шаҳидӣ ҳикоя шудааст.

Дар Бадахшон дар урфият мегӯянд, “Барои алифро шинохтан бояд алифборо омӯхт”. Роман-новеллаи “Агар…” барои зарфияти ақлу хиради фозилону ашрофзодагон навишта шудааст. Барои мутолиаи он сараввал бояд аз омилҳои ташаккули маҳорати эҷодӣ, роҳу усули мактаби мусиқии симфонии шуҳрати Шаҳидиҳо огоҳӣ пайдо кард. Дуюм, ба мусиқии симфонии касбӣ дил додан зарур аст. Баъдан, бояд ақаллан як соат шоҳкориҳои Толибхон Шаҳидӣ, амсоли достонҳои симфонии “Ҷашн”, “Садо”, “Симфонияи рақами 3”, “Консерт барои фортепиано”-ро гӯш кардан лозим аст. Бахусус, симфонияи “Садо” муассиртарин дору барои оромии асаби инсон аст.

Ман агар симфонияи “Оркестр барои фортепиано рақами 3”-ро гӯш кунам, лаҳзаҳои мусаввараи маъруфи дунё – “Тӯфони Нуҳ”-и Иван Айвазовский пеши назар ҷилвагар мешавад. Рассом баҳрро пас аз тӯфони шадиди шабона ва одамони киштии ғарқшударо тасвир мекунад. Нурҳои офтоб мавҷҳои боҳашаммати даҳшатпароканро равшан мекунанд. Бузургтарин – мавҷи нуҳум ба зудӣ одамонеро, ки кӯшиш мекунанд худро дар киштипораҳо наҷот диҳанд, аз пардаи торикӣ раҳо мекунад. Толибхон Шаҳидӣ дар офариниши ин достонҳо ҳам гӯш, ақл ва завқи инфиродии одамонро табақабандӣ мекунад. Навоҳои нарм мисли шаддаи муҳраи марҷон ба танини мутантани фарёдҳо табдил мешаванд. Дар ин достонҳо такти фалаҷ эҳсос намешавад.

Набояд сарфи назар кард, ки иҷрои мусиқии симфонӣ бо як-ду асбоб номумкин аст. Он аз заҳмати даҳҳо нафар навозандагон, ки байнашон низому равобити ботинии нозук мавҷуд аст, таркиб ёфтааст. Воқеан, дар ин жанри мушкил ҳатто нобиғаҳои дунё – Бетховен, В.А. Мотсарт, И. Брамс, П.И. Чайковский, Г. Малер хеле дер ба қутби шуҳрату эътироф расиданд. Ба ҳамин минвол достонҳои симфонии Толибхон Шаҳидӣ “Садо” яъс, хастагӣ ва руҳафтодагии равонро ба тадриҷ барқарор менамоянд. Муболиға не, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо “Симфонияи шашум”-и Дмитрий Шостакович кӯдакони маризи асабро табобат мекарданд. Дар мактаби мусиқии симфонӣ ва классикии бенгалии Ҳиндустон дарди шадиди майнаи сарро табобат мекунанд.

Акнун ба “Чаро соли 1987?”-и устод Шариф Ҳамдампурро шарҳ медиҳем. Адиб ва публисисти маъруф Ҳамдампур ҳеҷ гоҳ дар зери акси шер “Ин шер аст” наменависад. Ӯ медонад, ки асарҳояш барои ақлу завқи кӯчаку миёна нестанд. Бояд зикр кунем ва сад аҳсан ба истеъдоди фавқулодаи муъҷизавию яздонии Шариф Ҳамдампур, ки барои пур кардани саҳифаи китоб омору далелро зӯран ба матн кафшер намекунад. Ӯ мантиқ, моҳият ва афзалияти арқому ақоиқро шарҳ медиҳад. Ҳамзамон, адиби пажуҳишгар дар публистикаи илмӣ-амалӣ оид ба Бобоҷон Ғафуров, Абулқосим Лоҳутӣ, Отахон Латифӣ, Муродулло Шерализода иллатҳои “хати сурх”-ро аз рӯи ченаки марксистӣ ва коммунистӣ амиқу беғараз таҳлил мекунад. Ҳамдампури адиб муросокор ва таҷзияталаб нест.

Пас аз вуруди неруҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон, идеологияи “бозсозии капитализмсозӣ”-и Горбачев соли 1986 пирӯзии Ғарбро (бо сарвари ИМА) дар ҷабҳаи доғи ҷанги сард таъмин намуд. Ғарб моҳирона истеъдодҳо, одамони барӯманди адабиёт ва санъатро ба набард ҷалб карда буд. Михаил Горбачев барои парвоз ба олами хиёнат “майдони ҳавоии бозсозӣ” сохт. Аз ин рӯ, қолаб ва ё усули Збигнев Бжезинский – мубаллиғ ва идеологсози буржуазии асри 20-и ИМА, Британия, Олмон чун силоҳи асосӣ сохта шуд. Беҳтарин истеъдодҳоро ба ИМА, Канада ва Аврупо даъват мекарданд. Ин як навъ санҷиши тестиву озмоишӣ буд. Аввалан, Ғарб садоқати истеъдодҳоро муайян мекард (78 фоизи зиёиёни эҷодкори Иттиҳоди Шӯравӣ то соли 1987 дар хориҷа сокин шуданд). Дуюм, оид ба мутобиқшавӣ ва истифодаи ин мағзҳо ба манфиати хеш лоиҳаҳоро амалӣ мекарданд. Ман ташдидро ба калимаи “маъруфтарин” равона мекунам. Аз ин рӯ, соли 1987 Толибхон Шаҳидӣ чун беҳтарин ва машҳуртарин истеъдодҳо бори нахуст дар Озмуни байналмилалии мусиқии муосир дар Ню-Ҷерсӣ – Глазборо, ИМА (1987) Иттиҳоди Шӯравиро муаррифӣ намуда, сазовори мақоми аввал гардид. Ин ғолибият тафаккур ва ормони ҷабҳаҳои идеологии коммунистиро тағйир дод. Ӯ ватанашро ба миллионҳо доллар ва имтиёзҳо иваз накард. Аммо исбот намуд, ки санъати омезишёфтаи мусиқии симфонии Шарқу Ғарбу тоҷик дунёро тасхир мекунад. Ҳатто худи амрикоиҳо, ки танҳо Чайковский, Тихон Хренников, Баласян, Дмитрий Шостакович, Сергей Прокофев ва Арам Хачатурянро эътироф мекарданд, барои коҳиши ҳаяҷону ҳайрат ангушт ба даҳон монданд. Ва хеле аҷиб аст, ки дар он давра насли нави бастакорон – Толибхон Шаҳидӣ, Шодмон Пӯлодӣ, Фирӯз Баҳор, Зокир Нишонов, А. Латифзода, Заррина Миршакар, Пайрав Марадасейнов аллакай аз чорчӯбаи сиёсӣ раҳо шуда, оҳангҳои сирф миллии касбӣ эҷод мекарданд. Мардуми дур аз сиёсат дар ИМА ва Аврупо зуд ба сози Толибхон Шаҳидӣ, Шодмон Пӯлодӣ ва Фирӯз Баҳор дил доданд.

Ба саволи “чаро?”-и Ҳамдампур се ҷавоби дақиқ мавҷуд аст. Мо имрӯз публистикаи ба ҳамаи касбу шуғлҳо дастрасу муассир кам дорем. Албатта, дар мавриди хоҷагии қишлоқ, неругоҳҳои “Роғун” ва “Норак” мо нобиғаҳои публисист, мисли Раҷаб Мардон, Мутеъулло Наҷмиддинов, Мирзо Шукуров, Бахтиёр Муртазоев дорем. Вале чеҳракушои санъати мусиқии симфонӣ то дирӯз надоштем. Агар чанд очерки Абдурофеъ Рабизод ва Тиллои Некқадамро истисно кунем, дунёи мусиқии руҳпарвар то ҳол пӯшида аст. Инро профессорон ва санъатшиносони маъруф – Аскаралӣ Раҷабов ва Аслиддин Низомов низ эҳсос карданд. Банда низ дар ин самт қаламкашӣ кардам ва китоби “Тӯфон дар қатраҳои ашк”-ро роҷеъ ба ҳунарманди маъруф Хушназар Майбалиев навиштаам. Аммо ба ин “шиканҷаи эҷодӣ” тоб оварда натвонистам. Ба ин танҳо Шариф Ҳамдампур қудрат ва бағоҷи эҷодии кофӣ дорад.

Замоне як муҳаққиқ ва публисисти навкор дар бораи устод Мирзо Турсунзода очерки калонҳаҷм навишта буд. Бузургон ва роҳбарони вақт тавсия доданд, ки набояд пиёдагард дар бораи чобуксавор нависад. Сартароширо аз каллаи бузургон наомӯзем. Аз ин рӯ, онҳо ҳамвазни устод Мирзо Турсунзода ба ин кори муҳим Атахон Сайфуллоев ва Убайд Раҷабро сафарбар карданд. Дар асл ҳам, имрӯз шореҳи шуҳрати Зиёдулло ва Толибхон Шаҳидиҳо шахсе, ки фалсафаи рӯз, асрори печидаи санъати мусиқии симфонӣ, драматизм ва роҳати мусиқии симфонӣ ва операвиро медонад ва ҳис мекунад, танҳо Шариф Ҳамдампур аст. Ҳамзамон, асари фалсафӣ ва равонии дорои драматизми амалӣ ва фасеҳзабони дастрас – ин роман-новеллаи “Агар…”-и Ҳамдампур беҳтарин публистикаи се даҳсола маҳсуб мешавад.

Ҳамдампур қаҳрамононашро омиёна не, балки бо забони бузургони ин соҳа ба завқхонаи меҳри хонанда равон мекунад. Ӯ ба хубӣ тафовути санъати мусиқии тоҷикро аз “Республикаи ман”-и Шарофиддин Сайфиддинов то операи сатҳи ҷаҳонии “Комде ва Мадан” ва достони “Садо” возеҳ дарк кардааст.

Шариф Ҳамдампур рӯшан ва амиқ шарҳ медиҳад, ки мардуми ҷаҳон аз шоҳкориҳои “Шашмақом” ва “Фалак”-и тоҷикӣ огоҳ буд. Аммо то ҳол касе намедонист, ки мактаби мусиқии симфонии Зиёдулло ва Толибхон Шаҳидӣ танину навоҳои ин ду шоҳкориро дар фортепиано, виолончел, саксафону ғиҷак ғунҷонданд ва ба нотаи касбӣ кашиданд.

Дар тамоми дунё санъати мусиқии симфонӣ ва оперӣ шуҳрат дорад. Алломаи мусиқӣ Зиёдулло Шаҳидӣ бунёдгузори мусиқии симфонии касбӣ, нахустин бор навои руҳбахши Шарқ ва мусиқии инқилобии мутантани Ғарбро омезиш дода, симфонияи душохаи яктанро офарид. Он чиро, ки баъдтар дар дунё Элвис Пресли, Ҷо Дассен, Фредди Меркури, Аҳмад Зоҳир, Зоҳир Ҳувайдо, Шанкар-Ҷайкишан ва Мукеш омезиши санъати Ғарбу Шарқро ривоҷ доданд. Устод Зиёдулло Шаҳидӣ ва баъдан Толибхон Шаҳидӣ ба “шӯрбо”-и симфонияи классикии муосири тоҷик “намак”-и “Шашмақом”, “мурч”-и мусиқии “Фалак” ва “сабзиҷот”-и фаҳлавиёти мардумӣ андохта, таоми лазизи мусиқии руҳнавоз офариданд.

Олами мусиқии дунё (шоу-бизнес) ва тиҷорати мусиқии симфонӣ шадидтарин ва бераҳмтарин рақобат аст. Дар ин арса “миёна” будан хатарнок аст: ё маҳв мешавӣ, ё ситораи ҷаҳон хоҳӣ шуд. Ва мо баъди сад соли дигар низ ифтихор мекунем, ки дар қатори ситораҳои дунё тоҷикон Зиёдулло Шаҳидӣ ва Толибхон Шаҳидӣ ҷо гирифтаанд.

Ҳамдампур хеле нозук бо ишораҳои оқилона равишу омилҳои рушди ин соҳаро нишон медиҳад. Дар сад соли охир роҳи сеюм ҳанӯз пайдо нашудааст. Маъмулан бояд ошкоро ҳарф занем. Аз замони шоҳи Британияи Кабир – Ричарди II (1367—1400) санъати мусиқии симфонӣ аз ҷониби дарбор ва баъдан ҳукуматҳо пурра сармоягузорӣ шуда буд. Ин ягона санъати дунё аст, ки бо гадоӣ ё хидмат дар тӯй ва садақа рушд намеёбад. Аммо бастакорони номӣ Толибхон Шаҳидӣ ва Шодмон Пӯлодӣ барои доир кардани аввалин консертҳои худ дар Аврупо шиканҷаи тоқатнопазири руҳиву зеҳниро паси сар карданд. Ҳама харҷ, аз ҷумла музди эҷодӣ ва таҳияи консертҳо бояд аз ҷониби давлат пардохт мешуд. Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин хотир дар назди Президенти Тоҷикистон Оркестри давлатии симфонии тоҷикро чун сохтори алоҳида таъсис доданд. Ва ҳамзамон фурсати қулай фаро расидааст, ки оркестри алоҳидаи осори Зиёдулло Шаҳидӣ ва Толибхон Шаҳидӣ таъсис дода шавад.

Аз шуҳрати ҷаҳонии Зиёдулло ва Толибхон Шаҳидиҳо ва таҳқиқи устод Шариф Ҳамдампур бармеояд, ки дунё санъати мусиқии симфонии тоҷикро эътироф кардааст. Ва дирижёрҳои маъруфи дунё – Леонид Николаев, Вл. Василев, Мартин Нерсесян, Оркестри Госкинои Иттиҳоди Шӯравӣ, Арнолд Катс, Чарлз Ансбахер (ИМА), Зоҳид Ҳақназаров, Константин Криметс, Сергей Скрипка, Валерий Гергиев, Хобарт Эрл (ИМА), Бежан Хадем Мисак (Австрия), Элдор Азимов, Талибберген Абдрашев, Берон Меробов, Азиз Ниёзмамадов асарҳои дуюмдарҷаро дирижёрӣ намекарданд.

Дар ибтидои “Даврони тиллоӣ”-и санъати мусиқии тоҷик маҳз тавассути Зиёдулло Шаҳидӣ, Шарофиддин Сайфиддинов, Саид Ҳамроев, Фаттоҳ Одинаев мусиқии симфонии тоҷик ба “моли маънавии содиротӣ” табдил ёфт. Операи “Комде ва Мадан” (бар асоси навиштаи Бедил, 1960, Душанбе), “Ғуломон” (С. Айнӣ), достони симфонии “Соли 1917” (1967) ва мусиқии классикии тоҷик дар саҳнаҳои Деҳлӣ, Париж, Москва ва Вена танинандоз гардид.

Роман-новеллаи “Агар…” боз аз он ҷиҳат тааҷҷубовар аст, ки симо, хислат ва тавони ботинии қаҳрамонҳо бо монологҳои ҳаяҷонбахш эҷод шудааст. Нидо ва фарёди ҷисму зиндаи писар бо руҳи падар – монологҳо, эссеҳо ва хитобаҳои аллома Чингиз Айтматовро дар “Ниҳолаки рӯймолсурхаки ман” ва “Алвидоъ, Гулсарӣ” ёдрас мекунад. Маҳорати бузурги публисист ва адиб Шариф Ҳамдампур дар он аст, ки ӯ дар романҳои мустанади “Вақте ҳақиқат тир хӯрд”, “Тоҷикон дар суҳбати Сталин бо Ғафуров”, “Алифбои гумшуда”, “Чунин гуфт…”, “Президент. Тафсилоти як сафари пурхатар”, “Агар…” услуби маъмули тарҷумаиҳолнависию шарҳсозиро моҳирона ва навоварона истифода мекунад. Ин китоб бозёфте дар даҳсолаҳои ахири публистикаи Тоҷикистон мебошад. Бояд аз рӯи равон, симо ва далелҳои зиндагии Аҳмад Бобоқулов, Шарофиддин Сайфиддинов, Саид Ҳамроев, Фаттоҳ Одинаев муҷассамаҳои миллии санъати мусиқии симфонӣ офарид.

Иқдоми “Ҳаёти Одамони Наҷиб” (ҲОН), ки дар забони гуфтугӯӣ бо номи зиндагии одамони маъруф машҳур аст, як силсила китобҳои бадеӣ ва тарҷумаиҳолӣ буда, барои доираи хонандагони оммавӣ пешбинӣ шудаанд. Ин иқдом бори аввал дар солҳои 1890-1924 аз ҷониби нашриёти Ф.Ф. Павленков бо ҳамин ном таъсис дода шуд. Танҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ Максим Горкий онро идома дода, дар рушди ҷаҳонбинии қишри миёнаи омма саҳми бузург гузошт. Он чӣ имрӯз барои мо зарур аст, бояд иқдоми Шариф Ҳамдампур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, тавассути фармоишҳои иҷтимоӣ нашриёти “Тоҷикистон” ба иҷрои он муваззаф гардад. Ва силсилаи китобҳо дар бораи Қаҳрамонони Тоҷикистон бояд дар ҳамин нашриёт интишор гардад.

Боз аз як паҳлӯи дастоварди эҷодии Шарифҷон Ҳамдампур набояд саҳлангорона гузарем. Таронаҳои алоҳидаи китоб, мисли “Баъзан эҳсос мекунам, ки ин зарбҳо на танҳо вақт, балки набзи зиндагиро низ чен мекунанд… Ҳар зарб як ёд, як лаҳза, як нафас аз рӯзҳоест, ки бо орзу ва меҳр пур буд”, фалсафаи зиндагисози замон мебошанд. “Оҳангсоз аз ҳама чиз бештар ба амволи ғайриманқул ниёз дорад. Пианино дар дохили деворҳо”. Одамоне ҳастанд, ки мусиқиро мефаҳманд, аммо онро дӯст намедоранд – инҳо оҳангсозанд. Одамоне ҳастанд, ки мусиқиро намефаҳманд, аммо онро дӯст медоранд. Ва боз садҳо суханони болдор, ки ба қимати як роман арзиш доранд, фаровонанд.

Дар бораи китоби хуб шарҳ навиштан басо мушкил аст. Бахусус, агар адиб аз хонанда даҳҳо зина болотар бошад. Касе, ки оромии асаб, лаззати дунёбезорӣ ва боварӣ ба фардоро хоҳад, роман-новеллаи “Агар…”-ро мутолиа кунад.

Наҷмиддин Шоҳин Пӯлодӣ

адиб