24 апрел сафари кории истеҳсолкунандагони техника ва таҷҳизоти саноати хӯрокворӣ ва кишоварзии Федератсияи Русия ба анҷом расид, хабар медиҳад Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сафари мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи «Росспетсмаш» ва Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ташкил гардид.
Ба ҳайати меҳмонон Муовини сардори раёсати мошинсозии кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва роҳсозии Вазорати саноат ва савдои Русия Иля Орсик, директори Ассотсиатсияи «Росспетсмаш» Алла Елизарова ва роҳбари департаменти ташаббусҳои стратегӣ ва ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ дар ҶСК «Росагролизинг» Иван Кабаев шомил буданд.
Ҳайат аз намояндагони ширкатҳои зерин иборат буд:
●«Мелинвест» (таҷҳизот барои коркарди ғалла ва истеҳсоли равғанҳои растанӣ);
●«ОК-Инжиниринг» (таҷҳизот барои коркарди гӯшт);
●«Заводи тракторсозии Петербург» (тракторҳои кишоварзӣ ва роҳсозӣ);
●«Ростселмаш» (комбайнҳо ва техникаи махсус);
●«Салскселмаш» (таҷҳизоти васлшаванда ва кашанда барои соҳаи кишоварзӣ ва коммуналӣ пешбинишуда);
●«Заводи Варгашини техникаи оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ» (мошинҳои оташнишонӣ ва махсус);
●Ширкати савдои хориҷии «КАМАЗ» (боркашонҳо ва техникаи махсус).
Дар ҷараёни сафар ширкатҳои русӣ бо мақомоти давлатӣ, ки соҳаи кишоварзӣ ва таъминоти техникии онро танзим мекунанд, инчунин бо ширкатҳои хусусӣ — пешсафони бозори маҳсулоти кишоварзӣ мулоқот анҷом доданд. Соҳибкорон ба баъзе истеҳсолкунандагон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд, ки ин метавонад замина барои ҳамкориҳои минбаъда гардад.
Ҳамчунин мулоқотҳо бо сохторҳои давлатӣ дар соҳаи оташнишонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ баргузор шуданд. Роҳбарони ин ниҳодҳо қайд намуданд, ки техникаи оташнишонии Русия рақобатпазир буда, дар сатҳи истеҳсолкунандагони маъруфи ҷаҳонӣ қарор дорад.
«Росагролизинг» ва «Тоҷикагролизинг» имкониятҳои ҳамкорӣ, заминаи меъёрии дохилӣ ва самтҳои эҳтимолии рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд.
Дар сурати таваҷҷуҳ ба таҷҳизоти ширкатҳои зикршуда метавонед ба Намояндагии тиҷоратӣ муроҷиат намоед:
+992 (44) 600-00-39e-mail:
dushanbe@minprom.gov.ru
Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон




