Парвариши қӯтос дар Тоҷикистон — соҳаи ояндадори чорводорӣ дар баландкӯҳҳо

Shared to Facebook Shared to Max

Парвариши қӯтос дар Тоҷикистон яке аз соҳаи ояндадори чорводорӣ дар кишвар, бахусус дар баландкӯҳҳо мебошад, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ (гӯшт, шир) ва рушди иқтисоди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) мусоидат менамояд, менависад «Садои Осиёи Марказӣ»( “Голос Центральной Азии”).

Қӯтосҳо дар баландии зиёда аз 1800–2000 метр зиндагӣ мекунанд. Шумораи онҳо мунтазам меафзояд ва ин соҳа аз ҷониби барномаҳои давлатӣ дастгирӣ меёбад.


Хусусиятҳои асосии соҳа:

Минтақаи парвариш: Рамаҳои асосии қӯтос дар Помири Шарқӣ (ВМКБ), инчунин дар дигар ноҳияҳои кӯҳии кишвар ҷойгиранд.

Афзоиши саршумор: Дар даҳсолаи охир, шумораи қӯтосҳо дар кишвар аз 7000 то беш аз 28000 афзоиш ёфтааст.

Аҳамияти иқтисодӣ: Парвариши қӯтос аҳолиро бо гӯшти аз ҷиҳати экологӣ тоза, маҳсулоти ширӣ ва пашм таъмин менамояд.

Рушд: Бо мақсади таҳкими соҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои дахлдори рушди соҳаро амалӣ намуда, ба афзоиши саршумори қӯтосҳо мусоидат менамояд.

Генофонд: Соли 2025 қайд карда шуд, ки зарурати беҳтар намудани сифати зоти қӯтос тавассути мубодила ё хариди қӯтосҳо аз дигар минтақаҳо (Чин, Муғулистон) барои пешгирии хешутаборӣ вуҷуд дорад.


Гӯшти қӯтос

Гӯшти қӯтос маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва парҳезӣ мебошад. Он аз ҷиҳати таъм ба гӯшти гови ҷавон монанд буда, вале бӯи фарқунандаи лазиз дорад. Ин гӯшт дорои миқдори зиёди сафеда, оҳан ва гемоглобин буда, равғани кам дорад. Гӯшти қӯтос аз кислотаҳои равғании омега-3 ва витаминҳои гурӯҳи B бой аст.


Хусусиятҳои асосӣ ва фоида:

Аз ҷиҳати экологӣ тоза: Қӯтосҳо танҳо аз гиёҳҳои табиии чарогоҳҳои баландкӯҳ ғизо мегиранд.

Фоида: Гӯшт аз оҳан ва витаминҳо бой буда, ба мубодилаи моддаҳо ва фаъолияти системаи асаб мусоидат менамояд.

Таъм ва сохтор: Гӯшт ранги сурхи тира дошта, нахдор, вале ҳангоми дуруст пухтан мулоим мешавад.

Истифода: Барои дампазӣ, бирён кардан ва тайёр кардани қимма мувофиқ аст.

Гӯшти қӯтос ҳамчун “гови баландкӯҳӣ” низ маъруф аст ва арзиши баланди ғизоӣ дорад.

Мардум онро баъзан гӯшти сарлик ё “ячатина” низ мегӯянд.


Қӯтосҳо

Қӯтосҳо ҳайвонҳои тобоваранд, ки ба шароити сахти баландкуҳҳо комилан мутобиқ шудаанд ва парвариши онҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла ноҳияи Мурғоби ВМКБ, ба яке аз самтҳои самараноки хоҷагидорӣ табдил ёфтааст.


Далели ҷолиб

Тибқи маълумоти ташкилоти Livestock Conservancy, дар Иёлоти Муттаҳида қӯтосҳо бори аввал дар асри XVIII дар боғҳои ҳайвонот ва коллексияҳои шахсӣ пайдо шуданд. Баъдтар дар иёлатҳои шимолӣ хоҷагиҳои хурди парвариши онҳо ташкил гардид. Имрӯз дар ИМА қӯтосҳоро барои гӯшти камравған доштанашон, пашм ва шир парвариш мекунанд.


Наум Бах ▶️ «Садои Осиёи Марказӣ» (“Голос Центральной Азии”)

Акс: «Вохӯрии ду Як (Як-ба тоҷикӣ маънои қӯтосро дорад)». Сокини Тоҷикистон-савораи қӯтос аз назди ҳавопаймои Як-40 мегузарад, соли 1990.

Тарҷумаи: Мавзуна Ниёзова