25 апрели соли 2026 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии Фаронса-Осиёи Марказии Сенати Ҷумҳурии Фаронса таҳти роҳбарии Эрве Морей, мулоқот намуд, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳо байни Тоҷикистону Фаронса, амнияти минтақавӣ, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва мавзуъҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд. Акс: Вазорати корҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон








