Дар ҷаласаи рӯзи 31 августи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси ҳукумати ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, масоили вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷамъоварии саривақтию беталафи ҳосил, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи аввал, захираи маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ барои давраи зимистон ва иҷрои нақшаи кишти такрорӣ баррасӣ гардид.
Бино ба гузориши Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст ҳисоботи Вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” шунида шуд.
Таъкид гардидааст, ки мақсади асосии барномаи мазкур ин амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи тухмипарварӣ, навъсанҷӣ, селексияи растанӣ, инчунин татбиқи бомуваффақияти он ва бунёди соҳае мебошад, ки дар мутобиқат бо стандартҳои байналмилалӣ фаъолият намояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон супориш додаанд, ки барои татбиқи пурраи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 аз тамоми имкону захираҳо ва таҷрибаи пешқадам истифода баранд.
Дастуру супоришҳо ба масъулини вазорати кишоварзӣ бобати истифодаи самараноки замин, интихоби тухмиҳои хушсифату серҳосил дар вақти кишти зироатҳо ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, дода шудааст.
Дар кори маҷлиси Ҳукумат аъзои ҳукумати мамлакат баъди муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома барои татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул кардаанд.
Президент ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷамъоварии саривақтию беталафи ҳосил, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи аввал, захираи маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ барои давраи зимистон, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва захираи тухмии картошка барои соли оянда дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.
Супоришҳо ба ҳукумати мамлакат ва сохторҳои дахлдор доир ба таъмини саривақтии маошу нафақа дода шудаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи бемории сироятии коронавирус ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ба хотири рафъи камбудию мушкилоти пешомада аз тамоми имконот васеъ ва самаранок истифода бурда, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истеҳсолу захираи маводи кофии озуқаворӣ ва риояи қоидаҳои санитарӣ ба роҳ монанд.