Вакилони анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳам Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
Анҷумани XIV ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 31 август баргузор гардид.
Раиси Иттифоқ Абдулло Раҳмонзода гуфт, аз рӯзҳои аввали ба фаъолият шурӯъ намудани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ин ниҳод ҷавононро, новобаста аз ғояву ақидаҳои сиёсӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва мансубияти динӣ, муттаҳид сохт. Иттифоқ аз рӯзи таъсис шиори “Барои ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистон”-ро ба роҳбарӣ гирифта, пешаи фаъолияти худ намуд ва ҷавононро ба муттаҳидиву ягонагӣ, дӯстиву рафоқат ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сиёсӣ даъват кард:
“Маҳз ҳамин буд, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, дар қатори дигар ташкилоту созмонҳои ҷумҳурӣ дар Анҷумани ғайринавбатии худ 17 марти соли 1994 бо намояндагӣ аз кулли ҷавонони кишвар номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва дастгирӣ намуда буд”, — изҳор дошт ӯ.
Қаблан Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуда буд. Рӯзи гузашта дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии пешниҳоди Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷиҳати пешбарӣ намудани номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантҳои Академияи идоракунии давлатӣ пешниҳоди Федератсияи иттифоқҳои мустақили касабаи Тоҷикистонро оид ба пешбарӣ намудани номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Дар ҳамин ҳол, раиси дастгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов хабар дод, ки конфронси вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони яке аз вакилони худ ба Анҷумани ғайринавбатии 14-уми ҳизб пешниҳод намуд.
Ба маълумоти ӯ, охири ҳафтаи сипаришуда дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар конфронсҳои ҳизбӣ баргузор ва намояндагони ҳизб ба анҷумани ғайринавбатӣ маълум шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки дар интихоботи президентии соли 2013 низ Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи аъзои ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон вакил пешниҳод шуда, аз сӯи анҷумани ҲХДТ номзад пешбарӣ гардид ва дар интихобот пирӯз омад.
Дар назар аст, ки анҷумани ғайринавбатии ҲХДТ рӯзи 3 сентябр дар Душанбе баргузор гардида, номзади ҳизб ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
То ин вақт чор ҳизби сиёсии Тоҷикистон эълон кардаанд, ки дар интихоби президентии моҳи октябр бо номзадҳои худ вориди рақобат мешаванд. Ҳизби демократи Тоҷикистон раиси ин ҳизб ва вакили Маҷлиси намояндагон Саидҷаъфар Усмонзода, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон раисаш Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳизби аграрии Тоҷикистон раиси ин ҳизб Рустам Латифзода ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон низ раиси ин ҳизб Рустам Раҳматзодаро ҳамчун номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зоиров гуфт, дар интихоботи президентӣ ширкат намеварзад ва ахиран ин ҳизб эълон кард, ки “интихоботи президентии ҶТ аз 11 октябри соли 2020-ро таҳрим мекунад”.
Ёдрас мекунем, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад.