Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастаҷамъӣ ба Дубай сафар кард, хабар додааст ФФТ.
Барои ин машқҳо, ки то 2 май идома меёбад, сармураббӣ Далер Каёсов 26 бозигар – се дарвозабон, 10 ҳимоятгар, нӯҳ нимҳимоятгар ва чор ҳамлагарро даъват кардааст. Дархости ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 23 бозигарро дар бар мегирад.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Тайланд (5 май), Мянмар (9 май) ва Арабистони Саудӣ (12 май) рақобат мекунад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон




