Ҳукумати Тоҷикистон ҳамла ба муовини аввали президенти Афғонистон Амрулло Солеҳро маҳкум кард. Изҳороти Ҳукумати Тоҷикистонро Вазорати корҳои хориҷӣ нашр кард:
“Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали нангини террористиро, ки субҳи 9 сентябри 2020 дар Кобул бар зидди Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ сурат гирифта, дар натиҷаи он шуморе аз мардум ҷон бохтанд ва захмӣ шудаанд, шадидан маҳкум менамояд”, — гуфта шудааст дар изҳорот.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин ба пайвандону наздикони қурбониёни амали террористӣ таъзия баён намуда, ба захмиён шифои комил орзу кардааст:
“Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ҳамеша дар паҳлӯи Афғонистон буда, хоҳони барқарорсозии сулҳу оромии пойдор дар кишвари ҳамҷавор аст”, — таъкид шудааст дар изҳорот.