Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаи муноқишаи гурӯҳӣ ва сангандозии мухлисони футбол дар шаҳри Хоруғро шарҳ дод.
Ба иттилоъи мақомот, дар натиҷаи ин ҳодиса, ки шоми 19 сентябр баъд аз анҷоми бозӣ байни дастаҳои маҳаллаҳои “Гулакен” ва “Хоруғи боло”-и шаҳри Хоруғ рух дод, 21 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд:
“Дар натиҷаи сангпартоӣ аз ҳарду ҷониб 21 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 20 адад шишаҳои тирезаи МТМУ №2 дар шаҳри Хоруг, 7 шишаҳои хонаҳои истиқоматӣ, 6 адад автомашинаи шаҳрвандон зарари техникӣ бардошта, 6 адад тиреза ва 4 курсии варзишгоҳ, 5 шишаҳои тирезаи бинои БДА “Амонатбонк” шикаста шудааст”, — гуфт ВКД дар як иттилоия.
Мақомот гуфтанд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба гурӯҳи авбошон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои ҷустуҷӯ намудани гунаҳгорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида мешавад.