Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати омодагӣ ба интихоботи президентии рӯзи 11 октбяр, танзими ҳаракати нақлиёт ва омодагии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола як қатор супоришҳо додааст.
Ин дастуру супоришҳо дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки 23 сентябр баргузор гардид, дода шудаанд.
Аз ҷумла, ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбари дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории дахлдори Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шудааст, ки иҷрои “Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021”-ро таъмин намуда, фаъолияти сохторҳоро дар ин самт зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Ҳамзамон, масъулини соҳаҳои марбута ҷиҳати анҷом додани корҳои бетону васлгарӣ то мавсими сардиҳо, таъмини корҳои мумфаршкунӣ дар иншооти соҳаи роҳсозӣ, тоза кардани ҳавзҳои обкашонӣ ва чоҳҳои коррезӣ, таъмири насосҳои обкашӣ, ба таври кофӣ захира кардани маҳлулҳои безараргардонӣ, тоза кардани каналу селпартоҳо ва такшингоҳҳои шаҳрӣ вазифадор гардидаанд.
Раиси шаҳри Душанбе роҳбарони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор кардааст, ки ҷиҳати захираи маводи озуқаворӣ, сӯзишворӣ, ангишт ва ҳезум, омодагии генераторҳои барқӣ, бехатарии зиддисӯхтор дар мавсими тирамоҳу зимистон ва омода намудани бинои иншоотҳои соҳа барои қабули гармӣ чораҳои бетаъхир андешанд.
Корхонаи воҳиди давлатии “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” ва бозорҳои коммуналиву хусусӣ ҷиҳати бо нархҳои дастрас таъмин намудани сокинони пойтахт бо маҳсулоти ниёзи аввалия, захира ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои гирду атрофи шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд, иҷрои аз меъёри асосӣ зиёди нақшаҳои захираи картошка, пиёз, сабзӣ, орд, равған, шакар, мониторинги нарху наво ва ғайра муваззаф гардидаанд. Ҳамчунин дастур дода шудааст, ки бобати таъмини фаъолияти самараноки сардхонаҳои шаҳрӣ, ҷойгир кардани маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва консерваҳо, таъмини бозорҳои хусусӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳр чораҷӯӣ намоянд.
Масъулини соҳаҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ уҳдадор гардидаанд, ки кори муътадили марказҳои барқу гармидиҳӣ захираи ангишту мазутро таъмин намуда, оид ба пайвастшавии бинову иншоот ба шабакаи гармидиҳӣ, таъмир ва сохтмони истгоҳҳои трансформаторӣ, пешгирии худсаронаи пайвасти ноқилҳо ба симчӯбҳо ва қонунвайронкуниҳо дар истифодаи қувваи барқ, ивази пояҳои чӯбин, гузаштан ба низоми билингии пардохт, коҳиш додани қарзи истифодаи энергияи барқ ва гармӣ, инчунин бобати дар ҳолати зарурӣ ва бо риояи технологияи муайяншуда нигоҳдорӣ намудани роҳҳои автомобилгарди пойтахт, омодасозии пурраи муассисаҳои давлатии истифодабарии роҳҳо барои фаъолият дар ҳама гуна шароит ба миқдори зарурӣ захира намудани маводҳои зидди лағжишӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин равғанҳои молиданӣ ва сӯзишворӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
Ҳамзамон Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи масъулини бахшҳои дахлдори шаҳрдориро ба вусъати корҳои ободонӣ, аз ҷумла тоза намудани кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳо ҷалб намуда, барои сари вақт баровардани партову хазонҳо, таъмини нақшаи шинонидани дарахту гулҳои зимистона, иваз намудани дарахтони хушкшуда, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани фаввораю курсиҳои боғҳо дастурҳои мушаххас додааст.
Раиси шаҳр аз тамоми сокинони шаҳр даъват ба амал овардааст, ки барои ба “шаҳри сабз” табдил додани пойтахт ҳар як оила барои дар мавсими ниҳолшинонӣ, лоақал шинонидани як дарахти ҳамешасбз саҳмгузор бошанд.
Аз роҳбарони сохторҳои дахлдор талаб карда шудааст, ки ҷиҳати ба инфрасохтори шаҳр мутобиқ намудани тамоми иншоот ва муассисаҳои иҷтимоии ҳудуди аз ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе воридшуда ва амалӣ кардани корҳо барои омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ тадбирҳои зарурии саривақтиро татбиқ намоянд.
Ҳамчунин, иҷлосия натиҷаҳои рушди соҳаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва вазъи амалишавии низоми электронии роҳкироро баррасӣ намуда, қарор кардааст, ки ҷиҳати татбиқ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи рушди нақлиёти истифодаи умум чораҳои амалиро роҳандозӣ намуда, реҷаи ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва меъёри ғунҷоиши мусофирон, таваққуфи нақлиётҳо дар ҷойҳои муайяншуда, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар фаъолияти ронандаҳо тадбирҳои судманд андешанд.
Вобаста ба ин Раиси шаҳри Душанбе ба масъулини соҳаи нақлиёти мусофирбар супориш додааст, ки бо мақсади татбиқи пурраи лоиҳаи “Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умум”-и шаҳри Душанбе корҳоро ҷоннок намуда, марҳила ба марҳила гузаштани хатсайрҳои боқимондаро бо ин тарзи хизматрасонӣ таъмин намоянд ва ҳамзамон барои баланд бардоштани савия ва малакаи ронандагону муҳандисон ва дигар масъулини корхонаҳои коммуналӣ ва ширкатҳои нақлиётӣ тадбирҳои лозимиро роҳандозӣ кунанд.
Ҳамзамон, ба комиссия оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо дастур дода шудааст, ки масъалаи рушди соҳаи нақлиёти шаҳриро дар маҷлисҳои комиссия баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва мусоидат дар тараққиёти соҳа ба сохторҳои лозима пешниҳоду дархостҳои вакилӣ ирсол намуда, дастовардҳо ва фарҳанги истифодаи нақлиёти мусофиркашӣ ва дигар соҳаҳоро тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ тарғибу ташвиқ намоянд.
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе таъкид намудааст, ки имрӯзҳо мо дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва дар сатҳи лозима ташкил ва гузаронидани он масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ҳисси ифтихори ватандориро тақозо мекунад.
Дар ин робита, ба раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дода шуд, ки дар ташкил ва фаъолияти участка ва ҳавзаҳои интихоботӣ мусоидат намуда, корҳои ободониву тоза кардани кӯчаю хиёбон ва шаҳраку маҳаллаҳо, ташкил ва гузаронидани шанбегиҳои дастаҷамъона, насби шиору овеза ва пурзӯр кардани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро дар арафа ва рӯзи интихобот таъмин намоянд.
Ҳамчунин, Раиси шаҳри Душанбе изҳори боварӣ намудааст, ки ҳамаи мо барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои умумимиллӣ изҳор дошта, дар фазои ҳамдилӣ гузаронидани маъракаи муҳими сиёсиро таъмин месозем.