Вохурии масъулини Саммити “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея

Shared to Facebook Shared to Max

10 апрели 2026 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чо Ҳюн масъулини аршади нахустин Саммити сарони давлатҳои қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея”-ро ба ҳузур пазируфт, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар оғози мулоқот Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея ба аҳаммияти баргузории нахустин Саммити сарони давлатҳои қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои бисёрҷонибаи муфид миёни кишварҳои қолаби мазкур, таъкид кард.

Зимни суҳбат муовини Вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар мавзуъҳои дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Кореяро, аз ҷумла дар чорчӯби қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея”, матраҳ намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон