8 апрели соли 2026 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд машварати 9-уми раҳбарони идораҳои сарҳадии давлатҳои ИДМ баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳайатҳои шаш идораи сарҳадии давлатҳо-Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Русия, инчунин Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ, Маркази зиддитеррористии давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ ва Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд.
Машваратро муовини якуми Раиси КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабзода Муродалӣ Раҷаб ифтитоҳ намуд.
Роҳбари Хадамоти сарҳадии Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Русия, генарали артиш Владимир Кулишов раисикунандаи машварат интихоб гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз баимзорасии Эъломияи Хуҷанд, ки 31 марти соли 2025 аз ҷониби сарони давлатҳо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расида буд, ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки ин санад заминаи нави ҳамкории минтақавиро фароҳам овардааст.
Дар ҷараёни машварат иштирокчиён тадбирҳои амнияти сарҳадӣ, ҳамкории ИДМ ва муқовимат ба таҳдидҳои минтақавиро баррасӣ намуданд.
Аз руйи натиҷаҳои ҷаласа маҷмӯи тадбирҳои амалӣ барои таъмини вазъи устувор дар сарҳадҳои берунии Иттиҳод таҳия гардид.
Пас аз анҷоми машварат меҳмонон бо намоишгоҳи маҳсулот, ҳунарҳои дастӣ, таомҳои миллӣ ва анъанаҳои хоси миллати тоҷик шинос шуда, ба истиқболи гарму самимӣ ва меҳмоннавозии тоҷикона баҳои баланд доданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Мавзуна Ниёзова, /»ИмрӯзNews «/



















