Рӯзи 11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар як қатор иншооти навро мавриди истифода қарор дода, ҳамчунин, ба як гуруҳи бузурги кормандони амният манзили истиқоматӣ тақдим намуданд.
Нахуст дар хиёбони Рӯдакӣ Муассисаи давлатии “Кохи Ваҳдат” пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, Сарвари давлат аз шароиту имкониятҳое, ки пас аз навсозӣ дар он фароҳам оварда шудааст, шинос шуданд.
Таъмиру таҷдиди Муассисаи давлатии “Кохи Ваҳдат” соли 2017 оғоз шуда, дар он шароити мусоиди гузаронидани чорабиниҳои сиёсии сатҳи баланд, аз ҷумла мулоқоту вохӯрии сарони давлатҳо, ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷаласаҳои корӣ, суҳбату вохӯриҳои аҳли зиёи кишвар бо сарони давлатҳои хориҷӣ, бизнес-форумҳо, намоишгоҳҳои соҳавии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ фароҳам оварда шудааст.
Зимни боздид маълум гардид, ки муассиса бо санъати баланди меъморӣ ва сифати баланд навсозӣ гардида, даромадгоҳу роҳравҳои он бо истифода аз сангҳои маҳаллии ороишӣ, кандакориву чӯбтарошӣ ва гаҷкорӣ зиннат дода шудаанд.
Дар толори асосии “Кохи Ваҳдат” барои 1000 нафар ҷойи нишаст ташкил гардида, толор бо курсиҳои бароҳату замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ба маълумоти Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, мушкилоти асосии ин толор таъмини гармӣ дар сардиҳо ва ҳавои салқин дар гармӣ буд, ки ба пуррагӣ ҳал гардида, системаи таъмини гармидиҳии муассиса комилан наву замонавӣ карда шуд.
Иттилоъ дода шудааст, ки ғайр аз толори асосӣ ҳамчунин муассиса дорои 9 толори дигари дорои аз 50 то 200 ҷойи нишаст мебошад. Дар доираи корҳои навсозӣ ба пуррагӣ ҳамаи толорҳо таъмиру таҷдид гардида, бо имкониятҳои мусоиди корӣ, ки барои гузаронидани вохӯриву ҳамоишҳои гуногун зарур аст, таъмин шудааст.
Ҳамзамон барои фаъолияти кормандон утоқҳои алоҳидаи корӣ ташкил гардида, ҳамаи он пас аз таъмири пурра мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.
Дар доираи корҳои иҷрогардида боми бино таъмир ва навсозии системаи муҳандисии дохилӣ анҷом ёфта, иншоот дар доираи талаботи ҷаҳонӣ навсозӣ гардидааст. Намои берунаи “Кохи Ваҳдат” низ ба пуррагӣ таъмиру таҷдид гардида, мутобиқ ба меъёрҳои муосири шаҳрдорӣ рангу оро дода шудааст.
Президенти кишвар ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намудаанд, ки имконоти мавҷударо хубу самаранок истифода баранд.
Пас аз шиносоӣ бо имкониятҳои “Кохи Ваҳдат”, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо роҳбарияти шаҳри Душанбе, ноҳияҳои пойтахт, масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораву корхонаҳои пойтахт мулоқот анҷом доданд. Зимни суханронӣ Президент аз ҷумла, таъкид карданд, ки бояд корҳои ободонӣ, сабзкорӣ, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ҳамешасабзу сояафкан вусъат дода шавад. Ҳамчунин масъулин вазифадор шуданд, ки фаъолияти марказҳои савдо, қаҳвахона, тарабхонаву ошхона ва дигар мавзеъҳои серодамро бо назардошти риояи тадбирҳои беҳдоштӣ роҳандозӣ намоянд.
Дар идомаи суҳбат таъкид гардид, ки бо дарназардошти афзоиши талабот ба қувваи барқ дар саросари мамлакат, бояд фарҳанги истифодабарии неруи барқ риоя гардида, аз масрафи зиёдатии неру, истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти худсохту сермасраф ҷилавгирӣ карда шавад.
Худи ҳамон рӯз ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи “Акиа Ориё” истеҳсоли корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо дарозии 8 метр барои 64 нафар мусофир пешбинӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, автобусҳои нав аз лиҳози суръат, вазни камтар ва кутоҳтар будан барои фаъолият дар кӯчаҳои на он қадар васеъ дорои бартарияти зиёд мебошанд.
Корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри” аз аввали соли 2020 дар асоси фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсоли автобуси дохилишаҳриро бори аввал ба таври силсилавӣ, бо номгузории тоҷикӣ — “Акиа Ориё” оғоз намуд.
Тибқи нақша, корхонаи муштарак то охири соли равон дар маҷмӯъ 50 адад автобус истеҳсол ва ба корхонаҳои нақлиётии пойтахт интиқол медиҳад.
Ба гуфтаи масъулин, автобусҳо мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии “Евро 5” истеҳсол шуда, дорои муҳаррики ширкати “Мерседес Бенс” ва ширкати олмонии “Zahnrad Fabrik” мебошад. Инчунин тамоми қисмҳои эҳтиётии васлу насбшаванда бо кафолати махсус ва сифати баланд аз ширкатҳои номдори аврупоӣ ва туркӣ ворид карда мешавад.
Автобусҳои нав бо таҷҳизоти гармию хунукидиҳанда ва нардбон барои маъюбон муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки баҳри бехатарӣ ва ҳамлу нақли мусофирон хизмат мерасонад.
Дар қисми болоии дохили автобусҳои нав мониторҳои калонҳаҷм насб шудааст, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мегарданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, соли 2018 аз ҷониби мутахассисони корхонаи муштарак 200 ва соли 2019, 100 адад автобуси харидоринамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки айни замон дар хатсайрҳои пойтахт хизматрасонӣ менамоянд, банду баст гардидааст.
Дар нақша аст, ки марҳила ба марҳила 5 намуди воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар дар ин корхона истеҳсол шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи моделҳои автобуси тамғаи “Акиа” бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсол карда мешаванд, ки ин ба кам намудани вазни умумӣ, сарфаи сӯзишворӣ ва ҳифзи муҳити зист, инчунин муҳлати истифодаи автобусҳо мусоидат менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ронандагону масъулони ҷамъиятҳои мусофирбарӣ, ҷиҳати дар ҳолати хуби техникию санитарӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти мусофирбар дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Троллейбусҳои нав, ки ҳамакнун дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат меоянд, тамғаи БКМ-32100D истеҳсоли корхонаи ҶСК “Белкоммунмаш” — и Белорус мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик боз 31 адад троллейбуси навъи муосир аз Белорус дастрас карда мешавад ва 14 адад автобуси шаҳрии тамғаи “Акиа Ориё” омодаи кор мегардад.
Зимни муаррифии троллейбусҳои нав иттилоъ дода шуд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолии давлатӣ раванди истеҳсоли ин навъи воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ дар заминаи корхонаи “Акиа Авесто” дар шаҳри Душанбе пурра ба роҳ монда мешавад. Троллейбусҳои истеҳсоли ватанӣ бо ғунҷоиши 100 ҷой барои мусофирон пешбинӣ гардидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити муосири хизматрасониву мусофиркашонӣ тавассути воситаҳои нақлиёти нав бо истифода имконоту иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт ва роҳандозии содироти автобусҳои истеҳсолшаванда дар ҶДММ “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Дар идома, ҳамон рӯз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Саъдии Шерозии ноҳияи Синои пойтахт ду бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Биноҳои истиқоматӣ бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент бунёд гардида, аз 12 ошёна ва 124 хонаи барҳавои як ва дуҳуҷрагӣ иборат мебошад.
Ҳамчунин, иншооти нав бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин буда, ҳар як қисми он бо ду адад лифти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Биноҳо дар давоми се сол бо ҷалби мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ бунёд гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити биноҳои нав, ба кормандони КДАМ ҶТ калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим карданд.
Президенти кишвар ба 120 оилаи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар ин ду бинои баландошёна соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ гардиданд, яхдон, телевизор, мошини ҷомашӯӣ ва дигар ҷиҳози зарурии рӯзгор тақдим намуданд.
Зимнан, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои КДАМ ҶТ шароити арзандаи кору зиндагӣ фароҳам оварда шудааст, ки таъмин намудани онҳо бо манзилҳои нави истиқоматӣ аз ғамхории ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар ин самт мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо кормандон онҳоро ба хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат ва таъмини амнияти ҷомеа ҳидоят намуданд.
Дар навбати худ, кормандони соҳа ба Президенти мамлакат барои дастгириҳои пайваста арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки чунин қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ беш аз ҳар вақти дигар масъулиятшинос хоҳад кард.
Дар ҳамин ҷо Президент барои бунёди боз як бинои нави истиқоматии 16-ошёна санги асос гузошта, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.
Тибқи лоиҳа, шумораи умумии хонаҳо дар бинои мазкур 128 ададро ташкил дода, дар ҳавлии он бунёди майдонча барои бозии кӯдакон пешбинӣ гардидааст.
Сарвари давлат барои бо тарҳи замонавӣ ва ҷавбгӯи талаботи меъморию шаҳрсозӣ бунёд кардани иншооти мазкур ба меъморону сохтмончиён дастуру супоришҳои мушаххас доданд.