10 феврал Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ бо ҳузури хабарнигорон аз фаъолияти худ дар соли 2020 гузориш дод.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким гуфт, пайомадҳои ғайримуқаррарӣ ва авҷи пандемия дар соли сипаригардида тамоми кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла ба фаъолияти низоми бонкӣ таъсири бевоситаи худро расонид. Сарфи назар аз ин, ба гуфтаи ӯ, Бонки миллӣ сиёсати пулию қарзии худро бо мақсади мусоидат ва нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ пайгирона идома дода, тавонист суботи молиявии низоми бонкиро бе осебпазирӣ муътадил нигоҳ дорад:
“Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2020 сиёсати пулию қарзиро баҳри нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо бо назардошти раванди ҳадафгирии таваррум, танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд”, — изҳор дошт Холиқзода.
Вай рушди иқтисодиёт дар соли 2020-ро муътадил арзёбӣ намуд, гуфт, ММД-и кишвар ба 82,5 млрд. сомонӣ баробар шуда, афзоиши воқеии он 4,5 фоизро ташкил дод. Афзоиши ММД аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,7 фоиз ва кишоварзӣ 8,8 фоиз таъмин гардидааст.
Сатҳи таваррум дар соли 2020 9,4 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,4 банди фоизӣ зиёд мебошад. Беқурбшавӣ асосан аз афзоиши сатҳи нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ – 13 фоиз, ғайрихӯрокворӣ — 5,8 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 4 фоиз ба амал омадааст.
Дар ин давра бештар тағйирёбии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, ки асосан маҳсулоти воридотӣ ва мавсимӣ мебошад, аз қабили орди навъи якум — 16,4 фоиз, шакар — 40,8 фоиз, равғани пахта — 50,7 фоиз, равғани офтобпараст — 42,6 фоиз, гӯшти гов — 6,2 фоиз, тухм — 18,9 фоиз, картошка — 19,8 фоиз ва сабзӣ — 12,8 фоиз ба қайд гирифта шудааст:
“Афзоиши нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар натиҷаи таъсири омилҳои берунӣ вобаста ба авҷ гирифтани пандемияи коронавирус (COVID-19) ва дар ин замина маҳдуд шудани ҳамлу нақл тавассути сарҳади давлатҳои шарикони савдо ба вуқӯъ пайваст”, — гуфт шуд дар нишаст.
Масъулини Бонки миллӣ гуфтанд, соли гузашта бо мақсади татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми молиявӣ ва бозори аввалияи коғазҳои қиматнок ба маблағи 14,3 млрд. сомонӣ коғазҳои қиматнок ба муомилот бароварда шуда, тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ аз ташкилотҳои қарзӣ ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 1,2 млрд. сомонӣ ҷалб карда шуд.
Дар айни замон бо мақсади коҳиш додани осебпазирии иқтисодиёт аз буҳрон, нигоҳ доштани суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди бахши воқеии иқтисодиёти кишвар меъёри бозтамвил тадриҷан 2,0 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 10,75 фоизи солона нигоҳ дошта шуд.
Соли гузашта қурби расмии сомонӣ 16,6 фоиз коҳиш ёфта, баъд аз тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаина барои 1 доллари ИМА 11,30 сомонӣ муқаррар гардид. Масъулини Бонки миллӣ сабаби тағйирёбии қурби асъорро ба вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ бинобар идома ёфтани таъсири пандемия, коҳиш ёфтани қурби асъори миллии кишварҳои шарикони асосии савдо, камшавии вуруди интиқолҳои пулӣ ва сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, маҳдуд гардидани равобити марзӣ, болоравии нархи молу маҳсулоти воридотӣ, инчунин идома ёфтани касри тавозуни савдои кишвар арзёбӣ карданд.
Бино ба маълумоти расмӣ, ба ҳолати 31 декабри соли 2020 дар Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, 69 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 18 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 18 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд, ки дороиҳои умумии онҳо 26,3 млрд. сомониро ташкил медиҳад.
Мақомот мегӯянд, новобаста аз мушкилоти соли 2020 фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзӣ бо фоида ҷамъбаст гардида, нисбат ба соли қаблӣ 24 фоиз ё 73 млн. сомонӣ зиёд шуд.
Бино ба маълумоти расмӣ, ба санаи 31 декабри соли 2020 дар бозори суғуртаи Тоҷикистон шумораи ташкилотҳои суғуртавӣ 18 ададро ташкил намуданд, ки аз онҳо 2 ташкилоти суғуртавии давлатӣ, 15 ташкилоти суғуртавии ғайридавлатӣ ва 1 Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила мебошанд.
Дороиҳои ташкилотҳои суғуртавӣ ба санаи ҳисоботӣ 412,4 млн. сомонӣ ва уҳдадориҳои қабулгардидаи ташкилотҳои суғуртавӣ вобаста ба шаклҳои суғурта 50,4 млрд. сомониро ташкил дода, ташкилотҳои суғуртавӣ соли 2020-ро бо фоида ба маблағи 75,9 млн. сомонӣ ҷамъбаст кардаанд.
Дар нишасти матбуотӣ масъулини Бонки миллӣ ҳамчунин масоили марбут ба тадбирҳои андешида ҷиҳати пешгирии таъсири пандемияи COVID-19 ба низоми бонкии кишвар, сатҳи таваррум, меъёри бозтамвил, ҳаҷми захираҳои байналмилалӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, интиқоли маблағҳо, ҳаҷми қарздиҳӣ ба истеҳсолот, дастгирии соҳибкории ватанӣ, ҳаҷми пул дар муомилот ва ғайраро шарҳ доданд.