Масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҷузъиёти бархе парвандаҳои пурсарусадо вобаста ба истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун”, қарзҳову қазияҳои “Агроинвестбонк”, азхудкунии миллионҳо сомонӣ маблағи “Амонатбонк”, истифода ё тақсимоти нодурусти кумакҳои башардӯстона ва ғайраро расонаӣ карданд.
Тасарруфи маблағи сохтмони НБО “Роғун”
Директори Агентӣ Сулаймон Султонзода дар нишасти матбуотии рӯзи 16 феврал гуфт, соли 2020 дар сохтмони неругоҳи “Роғун” 124,5 млн сомонӣ истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетиро ошкор карданд. Ба гуфтаи ӯ, қариб ҳамаи маблағи ғайриқонунӣ азхудгардида баргардонида шудааст:
“Нисбат ба роҳбари ширкати сохтмони “Файзи Истиқлол-25” Тоҳир Саидзода, ки яке аз паймонкорони бунёди неругоҳи Роғун аст, аз рӯйи далели тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 2,8 млн сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”, — хабар дод роҳбари ин ниҳод.
Роҳбари ширкати сохтмони “Файзи Истиқлол-25” Тоҳир Саидзода ба ҳабс гирифта шудааст.
Ҳаёев ва Илҳом-командир барои чӣ ҳабс шуданд?
Ҳамчунин, Султонзода ҷузъиёти парвандаи молики ширкати “ХИМА” Исматулло Ҳаёевро шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, Агентӣ дар тиҷорати Ҳаёев тасарруфи наздик ба 50 миллион сомонӣ маблағи “Агроинвестбонк”-ро ошкор кард:
“Молик-бенефитсиари ширкатҳои ХИМА Ҳаёев Исматулло дар якҷоягӣ бо дигар шахсони масъули ширкатҳои мазкур соли 2009 аз Агроинвестбонк 54,3 млн сомонӣ маблағҳои мақсадноки барномаҳои давлатии рушди соҳаи кишоварзиро ба сифати кредит гирифта, бар хилофи талаботи шартномаи қарзӣ, 49,3 млн сомонии онро бо роҳи истифодаи ғайримақсаднок тасарруф намудаанд”, — гуфта шуд дар нишаст.
Ба гуфтаи Султонзода, Ҳаёев бо моддаи 246 қисми 3 КҶ ҶТ аз сӯйи Суди шаҳри Душанбе гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Ҳамчунин, хабар дода шуд, ки яке аз тоҷирони калони тиҷорати пахта Илҳом Ҳотамов, маъруф ба Илҳом-командир ё Илҳоми Ботурободӣ, барои хисороти калони молӣ ба давлат — гирифтани 6,4 миллион сомонӣ қарз ва пурра ғайримақсаднок истифода кардани он, ба муҳлати 9 сол равонаи зиндон шуд:
“Соли 2009 молик-бенефитсиари ҶСК “Котонтекстайл” Ҳотамов Илҳом Шарбатович дар якҷоягӣ бо директори ҷамъияти мазкур Ҳакимов Раҷаб 6,4 миллион сомонӣ маблағҳои барномаҳои давлатиро аз “Агроинвестбонк” ба тариқи кредит гирифта, онро бо роҳи истифодаи ғайримақсаднок пурра тасарруф намудаанд”, — гуфт директори Агентӣ.
Суди шаҳри Душанбе Илҳом Ҳотамов ва Раҷаб Ҳакимовро бо моддаи 246 қисми 3 КҶ ҶТ айбдор эълон карда, Ҳотамовро ба муҳлати 9 сол равонаи зиндон ва Ҳакимовро бо супоридани ҷарима озод намудааст.
Зикр мегардад, ки маблағи зарари расондаи Илҳом-командир ва ёронаш бо дарназардошти ҷаримаву фоизҳо дар ҳаҷми 9,2 миллион сомонӣ пурра барқарор карда шуд.
Ҳамчунин, аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба муассиси гуруҳи ширкатҳои “Хуҷандинвесткотон” Негматов ва дигар шахсони масъули гуруҳи ширкатҳои мазкур хабар дода шуд, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи ресандагӣ 41,4 миллион сомонӣ қарзи муҳлатноки бонкӣ гирифта, “31,5 миллион сомонӣ қарзи гирифтаро мақсаднок истифода накарда, бо роҳи пардохти қарзҳои қаблии худ ва дигар хароҷоти пешбинишуда тасарруф намудаанд”.
Алимардонов беш аз 90 млн сомониро тасарруф кардаасту…
Пардаалӣ Алимардонов, раиси ширкати “Баракат” ва бародари Муродалӣ Алимардонов, раиси “Агроинвестбонк” бошад, барои тасарруфи 90,1 миллион сомонӣ боздошт шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ба гуфтаи Фахриддин Акрамзода, як масъули парвандаи Пардаалӣ Алимардонов дар Агентӣ, нисбат ба дастгиршуда бо моддаи 246 қисми 3 КҶ ҶТ (“тасарруфи маблағҳои кредитӣ ба миқдори махсусан калон”) парванда оғоз шудааст.
Ба гуфтаи Акрамзода, дар ҳоли ҳозир Алимардонов қисман зарари расонидаро барқарор кардаву дар сурати пурра барқарор кардани зарари расонида имкон дорад, нисбат ба ӯ қонун дар бораи афв татбиқ карда шавад.
…раиси собиқи бонк 37 миллион сомониро
Ҳамчунин дар доираи қазияи “Агроинвестбонк” раиси пешини ин бонк Фаррух Тағоймуродов ҳам боздошт шудааст, ки ба додани бештар аз 37 миллион сомонӣ қарзи ғайриқонунӣ гунаҳкор дониста мешавад.
Гуфта шуд, нисбат ба собиқ раиси “Агроинвестбонк” тибқи моддаҳои 265 ва 246 қисми 3 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
“Ҳоло тафтишоти пешакии парвандаи ӯ идома дошта, нисбаташ чораи пешгирӣ ба ҳабс гирифтан татбиқ шудааст”, — гуфта шуд дар нишаст.
Бино ба маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, соли гузашта дар “Агроинвестбонк”, дар маҷмӯъ, 82 миллион сомонӣ камомади пулӣ ошкор шудааст. Ҳамчунин, соли гузашта 143 миллион сомонӣ қарзҳои мушкилситони ин бонк маҷбуран рӯёнида шудааст.
Чор корманди “Амонатбонк” ҳам дастгир шуданд
Ҳамчунин, директори Агентӣ Сулаймон Султонзода аз дастгир шудани кормандони БДА “Амонатбонк” хабар дод, ки давоми солҳои 2017-2019 дар асоси маслиҳати пешакӣ беш аз 43 ҳазор расидҳои бонкиро сохтакорона омода намудаанд.
Онҳо бо ин роҳ 12,4 миллион сомонӣ маблағи пардохти 15 ҳазору 730 адад шиносномаҳои хориҷии биометриро тасарруф намудаанд.
Ба гуфтаи Султонзода, кормандони филлиалҳои 06 ва 07 “Амонатбонк” дар навоҳии Фирдавсӣ ва Шоҳмансури пойтахт Аширов, Хушвахтов ва Камолзода ва корманди ғайриштатӣ Толибов зимни як санҷиши муштарак бо Вазорати корҳои дохилӣ дар шуъбаи шиносномадиҳию бақайдгирии аҳолии Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирии шаҳри Душанбе дастгир шуданд.
Нисбат ба боздоштшудаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.
Маблағҳо ва доруҳои зидди коронавирусро тасарруф кардаанд
Ҳамзамон аз ошкоршавии истифодаи ғайримақсадноки 818,8 ҳазор сомонӣ маблағҳои барои мубориза бо коронавирус ҷудогардида хабар дода шуд. Аз ин маблағ 320,5 ҳазор сомонӣ ба буҷет барқарор карда шудааст.
Ба гуфтаи муовини якуми директори Агентӣ Музаффар Аҳмадзода, 48 ҳолати дигар мавридҳои фурӯши доруҳое, ки ба беморхонаҳо барои паҳнкунии ройгон барои беморони сирояти коронавирус фиристода шудаанд, ошкор карда шуданд.
“Оид ба масъалаи истифодаи маводи доруворӣ 48 ҷиноят нисбат ба 31 нафар кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ошкору ба қайд гирифта шудааст”, — гуфт ӯ.
Қаблан Палатаи ҳисоби Тоҷикистон низ гуфта буд, ки оид ба тақсими кӯмакҳои башардӯстона барои муқобила ба бемории COVID-19 санҷишҳояшон дар шаҳру навоҳии кишвар камбудҳоеро ошкор намуданд.