Мулоқотҳои Дабири кулли СААД бо мақомоти Тоҷикистон

Shared to Facebook

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас, ки 16 феврал ба Тоҷикистон омад, бо Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо мулоқот анҷом додааст.

Дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷонибҳо атрофи масоили ҳифзи сулҳу субот дар минтақаи масъулияти Созмон, вокуниши саривақтӣ ба чолишу таҳдидҳои муосир, инчунин афзун гардонидани ҳамкориҳои кишварҳои узви СААД дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ҳарбӣ-иқтисодӣ табодули афкор намудаанд:

“Бо дарназардошти раёсати Тоҷикистон дар Созмон С.Муҳриддин таваҷҷуҳи кишварро ба ҳамкории зич бо Котиботи СААД ва ниҳодҳои он ҷиҳати пешбурди рӯзафзуни самтҳои авлавиятноки раёсат таъкид кард”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.   

Гузашта аз ин, ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамоҳангсозии баъдии мавқеъҳо ва ба ҳам наздик сохтани равишҳои кишварҳои узв дар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, ҷараёни омодагии кишварро ба нишасти дарпешистодаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД, ки баҳори соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор додаанд. 

Дар мулоқот бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бошад, ҷонибҳо баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СПАД-ро баррасӣ намудаанд. Ин ҷаласа имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

“Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкориҳои низомӣ, низомӣ-техникӣ ва низомӣ-иқтисодиро барои соли 2021 баррасӣ намуданд”, — хабар дод Бино дафтари матбуоти СААД.

Станислав Зас зимни мулоқот барои баланд бардоштани сатҳи омодагии нерӯҳои дастаҷамъӣ барои иҷрои вазифаҳо, аз ҷумла тавассути омӯзиши муштараки амалиётӣ ва ҷангӣ таъкид кардааст.

Аз ҷумла, онҳо дар бораи такмили низоми фармондеҳии нерӯҳои дастаҷамъӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии нерӯҳои посдорони сулҳи СПАД ва муҷаҳҳаз кардани онҳо бо силоҳҳои муосир, техникаҳои махсус ва васоили махсус бо дарназардошти ҷалби онҳо ба амалиёти сулҳҷӯӣ таҳти сарпарастии СММ-ро баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин, Вазири мудофиаи Тоҷикистон ва дабири кулли СПАД машқҳои дарпешистодаи неруҳои амнияти дастаҷамъиро, ки дар қаламрави Тоҷикистон соли 2021 ба нақша гирифта шудаанд, баррасӣ намудаанд.