Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот анҷом додааст.
Бино ба хабари котиботи Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо Игор Лякин-Фролов кӯшишу ҳавасмандии Сафири Русияро дар тавсеаи ҳамкории байнипарламентии миёни Тоҷикистон ва Русия нек арзёбӣ карда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро дар муайянсозии афзалиятҳои асосии рушди муносибатҳо ва ҳамкории дуҷониба бо Русия, ки шарики муҳими стратегии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, изҳор доштааст:
“Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти робитаҳои байни парламентиро баррасӣ карда, дар марҳилаи муосир нақши дипломатияи парламентиро ҳамчун унсури калидии ҳамкории байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд”, — омадааст дар хабар.
Дар ин самт аҳамияти муассири ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби сиғаҳои нодиру самараноки бисёрҷониба, пеш аз ҳама Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи аарламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва саҳми муҳими онҳо дар рушди фазои ҳуқуқӣ таъкид гардидааст.
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон зикр намудааст, ки таҳкими ҳамкории мутақобила дар ҳошияи Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ яке аз самтҳои муҳими давраи раёсати ҷониби Тоҷикистон дар ин созмон маҳсуб меёбад.
Зимнан, тибқи қарори Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз 30 ноябри соли 2020, ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии созмони мазкур 31 марти имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо инчунин дигар масъалаҳои дуҷонибаро баррасӣ намудаанд.
Дар мулоқот бо Сафири Фаронса бошад, Раиси Маҷлиси миллӣ Мишел Тарранро бо оғози фаъолияти намояндагӣ дар Тоҷикистон табрик гуфта, ба ӯ дар масири таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи ду кишварҳо комёбиҳо таманно намудааст.
Рустами Эмомалӣ бо дарназардошти таърихи бисёрсолаи муносибатҳои ҳасанаи ду кишвар таъкид доштааст, ки Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкории бисёрҷониба бо Фаронса ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, тавсеаи муносибатҳоро бо ин кишвар аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии худ меҳисобад:
“Ҷонибҳо мавқеъ ва назари муштараки худро дар таъмини рушди устувор, пешбурду амалисозии ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва ҳамчунин дар баррасии масоили тағйирёбии иқлим изҳор доштанд”, — омадааст дар хабар.
Бо қаноатмандӣ зикр карда шудааст, ки солҳои охир баъди баргузории нахустин бизнес-форуми соҳибкорони ду кишвар дар соли 2015 ва таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса дар самти тақвияти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ қадамҳои назаррас гузошта шуданд.
Зимни суҳбат дар баробари дигар соҳаҳо инчунин рушди робитаҳои байнипарламентии ҷавобгӯи талаботи муосир ҳамчун яке аз василаҳои самараноки рушди ҳамкории дуҷониба арзёбӣ ва зарурати фаъолгардонии робитаҳо миёни гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Сенати Франсия таъкид карда шудааст.