Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ. Дастури Рустами Эмомалӣ ба суду прокуратура барои пешгирӣ аз заминдиҳию сохтмонҳои худсарона

Shared to Facebook

16 апрел дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.

Бино ба хабари котиботи Маҷлиси миллии Тоҷикистон, бо риояи дастури Маҷлиси миллӣ, дар оғози иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби Котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 16 масъала қабул намуданд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Қурбон Ҳакимзода, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Маҳмадшоҳ Гулзода ва оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ Фарҳод Раҳимӣ маърӯза карда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда пешниҳод кардаанд.

Аз ҷумла, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” мавриди муҳокимаи ҳаматарафа қарор гирифта, ҷонибдорӣ гардидаанд.

Дар ҷараёни иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, инчунин дар бораи иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Тоҷикобод ҳамаҷониба баррасӣ ва қабул карда шудаанд.

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар робита ба масъалаи тибқи нақшаи генералӣ тағйир додани ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ таваҷҷуҳи раисони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳолатҳои зиёди бе ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба маҳалҳои аҳолинишин табдил ёфтани заминҳои таъйиноти кишоварзӣ дар ин ҳудуд, инчунин дар амалияи судӣ эътироф намудани ҳуқуқи соҳибмулкии шахсоне, ки сохтмони худсарона анҷом додаанд, ҷалб кардааст. Ҳамзамон доир ба пешгирӣ ва бартараф сохтани ҳолатҳое, ки ба татбиқи нақшаҳои генералии маҳалҳо ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ монеа мешаванд, ба масъулон дастуру супоришҳои дахлдор дода шудаанд.

Дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Лутфулло Иззатулло бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шудааст.