Ҳушдори обуҳавошиносон аз  хатари тармафароӣ дар се рӯзи оянда

Shared to Facebook Shared to Max

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз хатари фаромадани тарма дар роҳҳои куҳистонӣ ҳушдор додааст:

“Рӯзҳои 28 феврал то 2 марти соли ҷорӣ дар минтақаҳои тармафарои шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе – Чаноқ (километрҳои 48–74 ва 78-81), бахусус дар минтақаҳои тармафарои Майхура, Зидеҳи ноҳияи Варзоб, ҳамзамон дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест”, — таъкид шудааст дар огоҳиномаи Агентӣ.