“Аз сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамкорӣ ва расидан ба сулҳу субот, инчунин пешравӣ дар Афғонистон қаноатмандем”, — гуфт намояндаи махсуси ИМА оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод.
Вай ин нуктаро дар суҳбат бо хабарнигорон пас аз мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 4 май дар Душанбе баргузор гардид, изҳор дошт.
Залмай Халилзод рӯзи гузашта бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад.
“Дар рафти мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни вазъи имрӯза дар Афғонистон, бахусус раванди барқарории сулҳу субот дар ин кишвар, ҳамчунин масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.
Президенти Тоҷикистон таъкид доштаанд, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя ва пешбурди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо он пайваста дар маркази таваҷҷуҳи ҷониби мо қарор дорад:
“Тоҷикистон талошҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати истиқрори амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ менамояд, гуфтанд Пешвои миллат дар идомаи суҳбат ва таъкид карданд, ки дар ин зимн аз музокироти байниафғоние, ки ба ин манзур сурат мегиранд, истиқбол менамояд”, — гуфта шудааст дар мулоқот.
Ҷонибҳо ҳамчунин масоили вобаста ба вазъи имрӯзаи амниятии минтақаро баррасӣ кардаанд:
“Роҷеъ ба ин мавзӯот ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшонро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд намуданд”.
Таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳама зарфиятҳо ва имконоти мавҷуда минбаъд ҳам саъйю талош хоҳад кард, то ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва бозсозии иқтисодиву иҷтимоии он саҳми худро гузорад.
Ба гуфти Залмай Халилзод, Афғонистон пулест миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ:
“Сулҳу субот дар ин минтақа барои рушду такомули тиҷорат, савдо ва ҳамлу нақли молу маҳсулот барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст. Яке аз ҳадафҳои муҳими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Амрико маҳз ҳамин самтро дар бар мегирад. Хушҳол аз онам, ҳар боре, ки ба Тоҷикистон сафар мекунам, тинҷиву амонӣ ва сулҳу оромӣ ҳувайдост”, — изҳор дошт ӯ.
Ёдрас мекунем, мулоқоти қаблии Залмай Халилзод бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввали моҳи октябри соли гузашта дар Душанбе баргузор гардида буд. Он замон ҳам Тоҷикистон эълон кард, аз музокироти байниафғонӣ истиқбол намуда, омодааст, ки ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва бозсозии иқтисодиву иҷтимоии он саҳми худро гузорад.