Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи “Рушди бозори неруи барқ ва ҳамоҳангсозии системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ дар доираи марҳилаи 1-уми равиши бисёрмарҳилаи барномавӣ” ба Тоҷикистон 60 млн доллар грант медиҳад. Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Созишномаи дахлдорро рӯзи 16 феврал вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Гаэл Раббаланд имзо кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, лоиҳа ба рушди инфрасохтори энергетикӣ ва ташаккули бозори минтақавии неруи барқ равона гардида, дар доираи он дар Тоҷикистон бунёди хати интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи барқии “Душанбе-500” то зеристгоҳи барқии “Регар-500” ва васеъсозии ин зеристгоҳҳои барқӣ, инчунин омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва тарҳи мукаммали лоиҳаи “Бунёди хати интиқоли барқи 500 кВ Роғун-Сайҳун” (Ҷануб-Шимол марҳилаи 2) пешбинӣ шудааст.




