Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки сарфи назар аз изҳороти дар ВАО нашршудаи ҷониби Қирғизистон, ки ба воқеият мувофиқат намекунад, дар натиҷаи кори комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия, аз дарозии умумие, ки 986,7 км-ро ташкил медиҳад, 519, 9 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон тасвир шудааст. Яке аз қисмҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа ағбаи Шатти мебошад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ дар самти муайян кардани хатти убури сарҳади давлатӣ корро идома медиҳанд ва пешниҳодҳои худро манзур менамоянд.
Тибқи созиш дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ, нуқтаҳои марзии алоҳида тавсиф карда шуданд.
Дар робита ба ин, айни замон отряди посбонони сарҳадии ҚC-и КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хатти мувофиқашудаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон посбонӣ мекунад.
Яъне, тибқи ин созиши протоколӣ, муқаррароти посбонии сарҳад дар қаламрави мувофиқашуда амалӣ карда мешавад. Аз тарафи дигар, дар қитъаи ағбаи Карамик постгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бо инфрасохтори лозима таъсис дода шудааст.
Ҷойгиршавии мазкур принсипи паритетро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва бақайдгирии ҳуқуқии он таъмин менамояд.
Дар робита ба ин, барои ҳарчи зудтар ба итмом расонидани раванди делимитатсия дар ин қисмат, пешниҳод карда шуд, ки ба гурӯҳҳои кории топографии Тарафҳо супориш дода шавад корҳоро дар тавсифи хатти гузаргоҳи сарҳади давлатӣ дар ин қисмат идома диҳанд.