Дар мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Кобул Муҳаммад Довуд Султонзуй, ки рӯзи 7 июн баргузор гардид, равобити фарҳангию гуманитарӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, тиҷорат ва сайёҳӣ баррасӣ шудааст.
“Таъкид шуд, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ҳар ду кишвари бародар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Fанӣ ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни ҳарду кишвар рушду густариш меёбанд. Зимни мулоқот ҷонибҳо аз раванди вусъатёбандаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуданд”, — хабар дод котиботи шаҳрдории Душанбе.
Бино ба ин хабар, дар ҷараёни мулоқот масоили мушаххаси тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманди байни пойтахтҳои ҳарду давлат-шаҳрҳои Душанбе ва Кобул мавриди муҳокима қарор гирифтанд:
“Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ба роҳ мондани тамосу муколамаи мунтазам ҷиҳати табодули таҷриба дар соҳаи шаҳрдорӣ ва рушди инфрасохтор‚ татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳо ва барномаҳои равобити фарҳангию гуманитарӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, тиҷорат ва сайёҳӣ зоҳир карда шуд”, — хабар дод манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки Султонзуй рӯзи 5 июн ба Душанбе омад. Вай рӯзи 7 июн ҳамчунин бо муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Диловар Қодирзода ва Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим мулоқот кардааст.
Муҳаммад Довуд Султонзуй яке аз чеҳраҳои маъруфи Афғонистони имрӯз ва аз тими президенти феълӣ Ашраф Fанӣ буда, дар ду интихоботи ахири президентии он кишвар аз ӯ ҳимоят кардааст.
Султонзуй, ки дар гузашта намояндаи парламент ва мушовири президент Ашраф Fанӣ буд, апрели соли гузашта шаҳрдори Кобул таъин шуд.