Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 июн бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, оғози корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти нав ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Нуробод сафар карданд.
Сарвари давлат дар ноҳияи Нуробод нахуст бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод шинос гардиданд.
Ин лоиҳа, ки ба 3 марҳила ҷудо карда шудааст, бо ҳадафи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Марҳилаи якуми он роҳи асосии Обигарм-Тагикамар масофаи 30,2 километрро дар бар мегирад.
Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки дар ин марҳила сохтмони нақбҳои “Қандак” бо дарозии 1,6 километр ва “Қарағоч” бо 1,7 километр, бунёди 5 пули нав, таҷдиди 1 пул, 28 истгоҳ, пиёдароҳ бо масоҳати 14 ҳазору 860 метри мураббаъ ва гузоштани аломатҳои роҳ бо дарозии 102,5 километр пешбинӣ шудааст.
Маблағгузории марҳилаи якум 178,1 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 110 миллион гранти Бонки осиёгии рушд, 40 миллион қарзи фонди Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) ва 28,1 миллион доллар саҳми Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Марҳилаи дуюми лоиҳа аз 44,1 километр роҳи асосии Тагикамар-Нуробод ва аз 45 километр роҳи байнидеҳавӣ иборат буда, ба роҳи нави асосӣ пайваст мешавад.
Дар доираи ин марҳила низ сохтмони нақби “Тагикамар” бо дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таъмир ва таҷдиди 1 пули мавҷуда, 1 пули минтақавӣ, 54 истгоҳ, пиёдароҳ бо масоҳати 27 ҳазору 312 метри мураббаъ ва нишонагузории 107,2 километр роҳ дар назар дошта шудааст.
Инчунин, дар доираи лоиҳа 70 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияҳои зикргардида низ бунёду азнавсозӣ карда мешаванд.
Сарчашмаи маблағгузории марҳилаи дуюм аз ҳисоби қарзи БАТР буда, 150 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Марҳилаи сеюми лоиҳаи мазкур сохтмони пули бузург буда, бо дарозии 760 метр бунёд карда мешавад.
Пули бузург бо 50 млн доллар маблағгузории Бонки Осиёии сармоягузориҳои зерсохторӣ сохта мешавад.
Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки барои тайёр кардани лоиҳаи муфассал ва асосноккунии техникӣ — иқтисодии пули мазкур созишнома байни Вазорати молия ва Бонки Осиёии сармоягузориҳои зерсохторӣ ба маблағи 3,2 миллион доллар ҳамчун кӯмаки техникӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳамчунин, тамоми воситаҳои техникии роҳсозӣ, ки иборат аз мошинолоти пешрафта мебошанд, ба маҳали сохтмони асосӣ дастрас гардиданд.
Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 4,3 миллиард сомонӣ (беш аз 381 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад, ки маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзноки шарикони рушдро дар бар мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо ҷараёни татбиқи лоиҳа дар ҳамин ҷо бо бардоштани парда аз болои санги рамзӣ ба корҳои сохтмонии роҳи мошингарди Роғун — Обигарм — Нуробод расман оғоз бахшиданд.
Дар ҳамин ҷо Президент ба муносибати оғози бунёди ин иншоот дар назди сокинон ва меҳмонони ноҳияи Нуробод суханронӣ карданд.
Гуфта шуд, ҳадафи давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз бунёди зерсохтори нақлиётӣ дар минтақаи Рашт аз он иборат аст, ки рушди соҳаҳои мухталифи ноҳияҳои водӣ ва ВМКБ-ро аз тариқи роҳи алтернативӣ таъмин ва дар ин замина даҳҳо ҳазор ҷойи кории нав таъсис ва сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.
Таъкид гардид, ки бунёди роҳи мошингарди Ваҳдат — Роғун — Нуробод — Рашт — Лахш бо дастгирии шарикони рушд ҳанӯз соли 2005 оғоз ёфта, дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ беш аз 310 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва 138 километр роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи умумии 1,9 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Рӯзи гузашта резиденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ба корҳои сохтмонии Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳия оғоз бахшиданд.
Боғи мазкур дар масоҳати 12,6 гектар замин бунёд карда мешавад.
Дар асоси лоиҳа, корҳои сохтмонӣ дар иншооти муосири фарҳангӣ — фароғатӣ дар ноҳияи Нуробод дар ду марҳила амалӣ гардида, марҳилаи аввали он то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Шаҳрофар” таҳия гардида, он бо харҷи 37,8 миллион сомонӣ бунёд карда мешавад.
Дар марҳилаи якуми татбиқи лоиҳа дар ҳудуди иншоот бунёди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо баландии 10 метр, Нишони давлатӣ бо баландии 28 ва Парчами давлатӣ бо баландии 48 метр ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, сохтмони 12 фаввора, ҳавзи обгирӣ, гузаронидани хатҳои муҳандисии оби нӯшокӣ, корезӣ, интиқоли барқ ба истифода дода мешавад ва як қатор тадбирҳои дигари созандагӣ низ амалӣ мегардад.
Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи иншооти бунёдшаванда дар ҳудуди Боғ иттилоъ дода шуд, ки барои бунёди Парчам ва Нишони давлатӣ масолеҳи зарурии сохтмонӣ дар базаи моддӣ — техникии ҶДММ “Рамзи Ваҳдат” аллакай пурра дастрас гардида, барои омода намудани муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳайкалтарошон ва мутахассисони варзида ҷалб шудаанд.
Барои ҷавобгӯ будан ба талаботи меъёрҳо ва қоидаҳои амалкунандаи сохтмонӣ МД “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқии обии Роғун” бо озмоишгоҳи “Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи сохтмон”-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмонии Тоҷикистон шартномаи дахлдор ба имзо расонида, масолеҳи сохтмонии зарурӣ, танҳо баъд аз ба даст овардани хулосаи мусбӣ барои истифода дар бунёди иншоот иҷозат дода мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сохтмончиёну масъулони лоиҳа ҷиҳати истифодаи пурра аз имконоту шароити мавҷуда барои бо сатҳу сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида ба истифода додани ин иншоот дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Зимнан, дар ноҳияи Нуробод ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёду ба истифода додани наздик ба 250 иншоот дар соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Рӯзи 7 июн, ҳамчунин, дар ноҳияи Нуробод мулоқоти Президенти кишвар бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои водии Рашт баргузор гардид, ҳадафи он шиносоӣ бо вазъи корҳо дар ноҳияҳои минтақа, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷараёни омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ шуд.
Тибқи нақшаи корҳои бунёдкориву ободонӣ дар ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт, яъне ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор, дар маҷмӯъ, сохтмони беш аз 1100 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи умумии зиёда аз 240 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, корҳо дар 760 иншоот ба анҷом расидаанд. Ин нишондиҳанда 69 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти он ки то ҷашн муҳлат тамоман кам мондааст, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаро вазифадор ва соҳибкорону аҳолии ноҳияҳоро ҳидоят намуданд, ки ҷиҳати иҷрои пурраи нақшаи тасдиқшуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт вазифадор шуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, дар ҳамкорӣ сармоягузорони ватаниву хориҷӣ татбиқи сифатнок ва саривақтии барномаҳо ва лоиҳаҳои пешбинишударо таъмин намоянд.
Президенти таъкид намуданд, ки ҳарчанд минтақаи Рашт дорои имкониятҳои фарохи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аст, дар ноҳияҳои он ҳамагӣ 5 корхонаи саноати хӯрокворӣ фаъолият менамояд, ки ба талабот ҷавобгӯ нест.
Бинобар ин, роҳбарону масъулини ноҳияҳои минтақа аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва бо ҷалби соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, дар асоси технологияҳои муосир фаъол гардонидани иқтидорҳои мавҷуда ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои мушаххас ва ҷиддӣ андешанд.
Ҳамчунин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, истифодаи тухмиҳои хушсифат, беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳо, афзоиш додани истеҳсоли картошка, зиёд намудани майдони боғҳо, алалхусус, боғҳои интенсивӣ, бунёди инфрасохтори нигоҳдорӣ, бастубанд ва содироти меваю сабзавот ва ба ҳамин васила муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Вобаста ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давраи пандемияи коронавирус ва таъсири он ба иқтисоди кишварҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки дар чунин шароит мардум аз тамоми захираву имкониятҳо пеш аз ҳама, обу замин, хусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоянд, то ки дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву азият накашанд.
Президент роҳбарону масъулон ва фаъолонро вазифадор карданд, ки мардумро ба корҳои ободониву ҳар як хонаву кошона, маҳалли зист, кӯчаву хиёбон ва шаҳраку деҳот, инчунин, сарфаю сариштакорӣ ҳидоят ва сафарбар намоянд.