“Танҳо бо роҳи осоишта ва пойбанд ба тавофуқоти ҳосилшуда”

Shared to Facebook

Дар натиҷаи сафари расмии Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ба Тоҷикистон ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чор санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ин ду созишнома ва ду ёддошти тафоҳум буда, ҳеч кадоми онҳо марбут ба масоили марзӣ нест. Ин дар ҳолест, ки яке аз мавзӯъҳои асосии баҳсу баррасии дуҷониба масоили вобаста ба марзи байни ҳарду кишвар будааст.

Мулоқоти як ба яки президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 29 июн беш аз 5 соат идома ёфт. Президентҳо баъд аз мулоқоти хосса ва музокироти сатҳи олӣ ба хабарнигорон гуфтанд, масоили аломатгузории марз, тиҷорату савдо ва дигар паҳлӯҳои равобити ҳарду кишварро баҳсу баррасӣ кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки Президенти Қирғизистон Садир Жапаров шоми 28 июн бо сафари расмии дурӯза ба Тоҷикистон омад.

Ӯро дар фурудгоҳ Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифта, худи ҳамон шом дар бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Баҳор”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, мулоқоти ғайрирасмӣ ва сайругашти президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров сурат гирифт.

Сафари расмии Президенти Қирғизистон Садир Жапаров дар Тоҷикистон субҳи 29 июн оғоз гардид. Маросими истиқболи расмӣ дар майдони Қасри миллат баргузор шуд.

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ нахуст мулоқоти хосаи сарони давлатҳо баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд. Баъд аз мулоқоти хосса музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Зимни мулоқот Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кард, ки сафари расмии Сарвари давлати ҳамсоя ба Тоҷикистон барои рушди тамоми соҳаҳои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар музокирот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ гардида, инчунин перомуни рӯзномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо барои роҳ надодан ба пайдоиши низоъҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро зарур донистаанд. Дар чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон пешниҳод гардидааст, ки масъалаи мазкур бо дарназардошти манфиатҳои ду кишвар ва ҳалли масоили бамиёномада танҳо тавассути роҳҳои осоишта ва усулҳои сиёсию дипломатӣ ҳал карда шавад.

Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба кӯшишҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра, аҳаммияти баргузории мунтазами Мулоқотҳои машваратии Сарони давлатҳо, ки ба ташаккули фазои нави ҳамкорӣ дар минтақа мусоидат мекунанд, қайд карда шудааст.

Вобаста ба рушди муколамаи байнидавлатӣ ҷоннок кардани фаъолияти механизмҳои мавҷуда, аз ҷумла кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, зарур шумурда шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба зарурати роҳандозӣ намудани робитаҳои байниминтақавии ду кишварро бо дарназардошти имкониятҳои кофӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои маҷмааи агросаноатӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо, истифодаи захираҳои об, идомаи ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар самти амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатҳои интиқоли нерӯи барқ, аз ҷумла сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи Осиёи Марказӣ — Осиёи Ҷанубӣ CASA-1000 баррасӣ кардаанд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои таъмини амнияти минтақаӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистони ҳамсоя мавриди муҳокима қарор дода шудааст.

Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, САҲА, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё ва дигар ташкилоту форумҳои байналмилалӣ баррасӣ гардидааст.

Дар охири мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти Қирғизистон ба Президенти Тоҷикистон барои меҳмоннавозӣ ва пазироии гарм изҳори сипос намуда, аз Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овардааст, ки бо сафари расмии ҷавобӣ ба Қирғизистон ташриф орад.

Худи ҳамон рӯз, ҳамчунин, маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Нахуст Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон имзо гузоштанд.

Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуд:

— Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Қирғизистон;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии кадрии Ҷумҳурии Қирғизистон;

— Ёддошти тафоҳум дар соҳаи сиёсати ҷавонон байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон;

— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии миллии иттилоотии Қирғизистон “Кабар”.

Дар нишасти матбуотии пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ гуфта шуд, дар маркази гуфтушунидҳо масъалаи таъину аломатгузории хатти марзи давлатии ду кишвар қарор дошт.

Ҳамчунин, гуфта шуд, масъалаи дар давраи оянда имзо шудани Аҳднома дар бораи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ки қаблан, дар маҷмӯъ, мувофиқа шуда буд, муҳокима гардид.

“Тибқи лоиҳаи Ҳуҷҷат, тақрибан 520 хати сарҳади давлатӣ тасвир шудааст. То имрӯз 32 километри дигар бо тартиби корӣ мувофиқа карда шудааст”, — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, талошҳо ба ҳалли масоили марзӣ дар рӯҳияи созандагӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои тарафҳо равона карда мешаванд.

Гуфта шуд, ҷонибҳо раванди гуфтушунидро дар сарҳад ҳанӯз соли 2002 оғоз карда буданд ва дар тӯли тақрибан 20 соли охир, дар маҷмӯъ, тақрибан 180 ҷаласаи Комиссияи муштарак ва ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ оид ба делимитатсияи хати сарҳад баргузор шуданд:

“Дар паси ин ҳама кори зиёди мутахассисон, хароҷот ва вақти зиёд истодааст”, — изҳор дошт Президенти Тоҷикистон.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷонибҳо ҳамчунин, дар бораи ҳодисаи фоҷиаборе, ки дар охири моҳи апрели имсол дар марз рух дод, муфассал суҳбат намуданд:

“Бо таассуфи бузург, одамон аз ҳарду ҷониб ҷони худро аз даст доданд ва азоб кашиданд, ба аҳолӣ зарари моддӣ ва маънавӣ расонида шуд, ба таҷрибаи ҳамсоягии неки байни халқҳои мо зарари ҷиддӣ расонида шуд. Аз ин рӯ, мо бояд, пеш аз ҳама, дар бораи барқарор кардани эътимод байни сокинони минтақаҳои наздимарзӣ фикр кунем”, — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар айни замон таъкид шуд, ки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъину аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон кори худро ба таври муназзам идома медиҳад.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар музокирот ба масъалаи истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ ҳам диққат додаанд ва пешниҳод шудааст, ки кори Гурӯҳи кории байниидоравии Тоҷикистону Қирғизистон барои баррасии масъалаҳои дуҷонибаи истифодаи захираҳои об аз сар гирифта шавад.

Президенти Қирғизистон ҳам гуфт, “барои оянда қадамҳое барои ҳалли ҳама гуна масоили марзӣ ва кори фаъолмандонаи тафсири хати марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштем”.

Вай гуфт, кишвараш ба равобити гуногунҷабҳа ба Тоҷикистон аҳаммияти авлавиятдошта медиҳад ва дар сиёсати берунияш пойбанд ба ҳама тавофуқоти дуҷонибаи ҳосилшуда ба хотири тақвияти ҳамкориҳои барои ҳар ду тарафи муфид бар пояи дӯстӣ ва ҳамсоядории нек мебошад.

Жапаров изҳори умедворӣ кард, ки тарафҳо дар ҷараёни нишасти 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ, ки онядаи наздик дар Бишкек баргузор мешавад, кори натиҷадору босамареро анҷом медиҳанд.

Ба гуфати ӯ, ҷониби Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки дар нуқтаҳои марзи Комиссияҳои посдори сулҳу оромӣ аз ҳисоби шахсони солхӯрдае, ки дар ду тарафи марз зиндагӣ мекунанд, ташкил кунанд.