22-юми январи соли 2026 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски баргузор гардид, хабар додааст Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи нашъадор, ҷустуҷӯи ҷинояткорони дар кофтуковбуда, мубодилаи иттилоот ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба сулҳу субот дар ҷаҳон табодули афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати боз ҳам рушду густариш додани ҳамкориҳо изҳор доштанд.
Таъкид гардид, ки барои муқовимати муассир ба зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ҳамкории муштарак таъсирбахш хоҳад буд.
АКС:Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон






