Сафири Тоҷикистон ба Президенти Австрия эътимоднома супорид

Shared to Facebook Shared to Max

20 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен эътимоднома супорид, иттилоъ додааст Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пас аз супоридани эътимоднома Сафири Тоҷикистон паёму таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Федералии Австрия Александр Ван дер Беллен расонид.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории  гуногунҷанбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ байни  Тоҷикистону Австрия мубодилаи афкор намуданд.    

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон