13 июл дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли ин Созмон Владимир Норов баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот рӯзномаи кори ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмон ва масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баррасӣ гардидааст.
Президент таъкид доштаанд, ки Тоҷикистон ҳамчун раиси амалкунанда дар Созмон вазифаҳои худро мутобиқи афзалиятҳои зикршуда пайваста иҷро мекунад.
Таъкид гардидааст, ки ҳадаф аз иҷрои вазифаҳо ва амалисозии тадбирҳои қаблӣ — рушди минбаъдаи Созмони ҳамкории Шанхай ва истифодаи пурраи имконоти он мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳои узви Созмон оид ба таъмини амнияти минтақавӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон, пурзур кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир – терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромилӣ муҳокима карда шудааст.
Таъкид гардид, ки Созмони Ҳамкории Шанхайро лозим аст, дар самти амният бо Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва сохторҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҳамкории амалӣ барқарор намояд.
Зимни мулоқот вобаста ба вазъи феълӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистон бо давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, энергетика, саноат, ҳамкории байнибонкӣ ва гуманитарӣ, зарур шумурда шудааст.
Дар вохӯрӣ инчунин оид ба ҳалли дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуйи судманд сурат гирифтааст.
Ёдрас мекунем, ки Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Владимир Норов рӯзи 10 июл ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии (ШВКХ) СҲШ ба Тоҷикистон ташриф овард.