Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 июл Вазири корҳои хориҷии Чин Ван Иро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтаанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчуби муносиботи шарикии стратегии ҳамаҷониба ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ карда шуд, хабар дод Хадамоти матбуотии Президент.
“Тоҷикистон ва Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ ва ҳамсоягони наздик мебошанд ва мо манфиатдорем, ки муносибатҳои наздики боэътимоди байни кишварҳоямон дар ҳама шаклҳо минбаъд амиқтар карда шаванд”, — изҳор доштаанд Сарвари давлат.
Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ карда, роҳҳои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ, ба роҳ мондани содироти молҳои Тоҷикистон, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ, ба бозорҳои Чинро, муҳокима намудаанд.
Ба ҷониби Чин барои дар давраи пандемия ҷудо кардани 300 ҳазор воя ваксина ба хотири пешгирӣ ва аз байн бурдани бемории сироятии короновирус изҳори сипос карда шудааст.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчуби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкори Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, инчунин дигар ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҷонибҳо ба масъалаи муборизаи дастаҷамъонаи кишварҳо бар зидди терроризм ва экстремизм, сепаратизм, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ, таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.
Зимни баррасии масъалаҳои умдаи минтақавӣ ҷонибҳо ба вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд.
Сафари расмии дурӯзаи Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И, ки бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Душанбе омад, 13 июл оғоз гардид.
Дар мулоқоте, ки байни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд, амалисозии тавофуқоти роҳбарони ду кишвар, вазъи Афғонистон ва амнияти минтақавӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вазирон перомуни масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ ва МҲТЭО мубодилаи афкор намуданд.
Дар вохӯрӣ тавофуқ ҳосил шуд, ки ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тандурустӣ, инчунин дар соҳаи мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 тақвият медиҳанд.
Дар фарҷоми мулоқот санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Имрӯз, 14 июл Вазири корҳои хориҷии Чин дар нишасти навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ ва нахустин нишасти Гурӯҳи тамоси СҲШ-Афғонистон дар сатҳи вазирон иштирок мекунад.