8 январи соли 2026 вохӯрии Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода бо сенатори амрикоӣ, узви кумитаҳои Сенати ИМА доир ба робитаҳои хориҷӣ, энергетика ва захираҳои табиӣ, инчунин ҳамраиси гурӯҳи (кокус) муштараки Сенат оид ба Осиёи Марказӣ Стив Дейнс доир гардид, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка, бахусус тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ байни Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳокима гардиданд.




