Вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёвари Котиби давлатии ИМА

Shared to Facebook Shared to Max

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода бо ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба корҳо бо Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Пол Капур мулоқот намуд, хабар додааст Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаро барои иҷрои мувофиқаҳои моҳи ноябри соли 2025 байни роҳбарони ҳарду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп бадастомада муҳокима намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА