Ӯзбекистон аввалин моҳвора ва кайҳоннаварди худро ба кайҳон мефиристад

Shared to Facebook Shared to Max

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бар ин назар аст, ки ин иқдом ба рушди илмӣ ва технологии кишвар такони пурқувват мебахшад, хабар медиҳад «Голос Центральной Азии» (Садои ОсиёиМарказӣ)бо истинод ба ТАСС.

ТОШКАНД, 26 декабр. /ТАСС/. Ӯзбекистон ният дорад моҳвораи сунъӣ ва аввалин кайҳоннаварди худро ба кайҳон фиристад. Дар ин бора Президенти ҷумҳурӣ Шавкат Мирзиёев зимни паёми солонааш ба парлумон ва мардуми Ӯзбекистон хабар дод.

«Бори аввал дар таърихи Ӯзбекистони соҳибистиқлол мо корҳои марбут ба партоби моҳвораи сунъӣ ба кайҳон ва омодасозии аввалин кайҳоннаварди ӯзбек — шаҳрванди кишвари худро оғоз намудем», — гуфт ӯ.

Мирзиёев изҳори итминон кард, ки ин иқдом ба рушди илмӣ ва технологии кишвар такони ҷиддӣ мебахшад ва рушди миллиро ба сатҳи нав мебарорад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Ӯзбекистон ва Чин ба таври муштарак моҳвораи фосилавии зондкунии Замин Samarkand-2028-ро бо модули зеҳни сунъӣ таҳия мекунанд. Ҳамчунин, соли 2028 Ӯзбекистон аввалин кишвари Осиёи Марказӣ хоҳад шуд, ки Конгресси байналмилалии кайҳоннавардӣ-ро баргузор мекунад. Ин чорабинӣ дар шаҳри Самарқанд доир мегардад.

▶️Голос Центральной Азии