27-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Соли нави 2026 дар шафати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши маҳсулоти хӯрока барои кормандони мақомоти мазкур доир гардид, иттилоъ додааст ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин намоиш-фурӯши маҳсулоти ғизоӣ аз қабили гушту биринҷ, равғану шакар, тухму орд, картошкаю пиёз, навъҳои гуногуни мева ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум нисбат ба бозору марказҳои савдо арзон пешкаши харидорон карда шуд.Тамоми ин маҳсулоти хӯрока аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод гардида, туҳфаи хубе бахшида ба Соли нави 2026 ба шумор меравад. Мавриди қайд аст, ки дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳои идона чунин намоиш-фурӯш пайваста аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ташкил карда шуда, шаҳодат аз дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати кормандони милитсия мебошад.




