Аз Ситоди фаврии мубориза бо паҳншавии коронавирус дар Русия ба хабарнигорон гуфтаанд, ки он кишвар нақша дорад шумораи парвозҳоро бо панҷ давлат, аз ҷумла, ба Тоҷикистон зиёд кунад.
Бино ба маълумоти хабаргузории ТАСС, Ситоди мубориза бо коронавирус дар Русия тасмим гирифтааст, ки аз 27 август шумораи парвозҳои мустақим бо Маҷористон, Кипр, Қирғизистон ва Тоҷикистонро афзоиш диҳад.
Гуфта мешавад, тағйирёбии ҳаҷми ҳаракати ҳавоӣ дар асоси мутақобил сурат мегирад.
Ҳамин тариқ, ба маълумоти расонаҳои Русия, шумораи парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистон ва бозгашт ба масири Маскав — Душанбе аз 2 ба 7 парвоз дар як ҳафта афзоиш меёбад.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки парвозҳо ба Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб аз дигар фурудгоҳҳои Русия ҳафтае як маротиба анҷом дода мешавад.
Дар айни замон Русия нақша дорад аз 27 август маҳдудиятҳои парвозҳои мунтазам ва чартерӣ ба Ҷумҳурии Доминикан, Кореяи Ҷанубӣ ва Чехияро бекор кунад.