Боздошти роҳбари шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Носири Хусрав

Shared to Facebook

Аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон зани 37-сола, роҳбари шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и ноҳия, ҳангоми гирифтани пора дастгир шудааст.

Номбурда як зани 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи мазкурро, ки барои ивази ному насаб муроҷиат карда буд, ба ҳуҷраи корияш даъват намуда, ба ӯ пешниҳод менамояд, ки барои фавран иваз намудани ному насаб ба ӯ 2 ҳазору 450-сомонӣ пардохт намояд:

“Гумонбаршаванда худи ҳамон рӯз дар ҳуҷраи кориаш аз ҷабрдида ба маблағи 1 ҳазор сомонӣ гирифта, боз маблағи 1 ҳазору 450-сомонӣ талаб кардааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия гумонбаршаванда дар ҳуҷраи кориаш ҳангоми гирифтани 1 ҳазору 450-сомонӣ ҳамчун пора дастгир карда шуд”, — хабар дод маркази матбуоти ВКД.

Ба маълумоти манбаъ, нисбат ба дастгиршуда тибқи моддаҳои 319, қ. 1 (Гирифтани пора) ва 32, қ.3-и (Тайёрӣ ба ҷиноят ва сӯиқасд ба ҷиноят)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишт идома дорад.