24 август дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши парламент дар таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Конфронси мазкур бо ибтикори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ташкил шуда, дар кори он раисони ҳарду палатаи парламент, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарони як қатор мақомоту сохторҳои давлатӣ, кормандони масъули дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, собиқадорони меҳнат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.
Раиси Маҷлиси миллии Рустами Эмомалӣ зимни ифтитоҳи конфронс гуфт, дар таърихи ҳар як халқу давлат санаҳое мавҷуданд, ки онҳоро бешакку шубҳа санаҳои сарнавиштсоз номидан мумкин аст. Сӣ сол қабл — 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар иҷлосияи ғайринавбатии худ дар асоси Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ва ҳуқуқи халқҳои аъзои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба худмуайянкунӣ, бо дарки масъулияти сарнавишти халқҳои сокини Тоҷикистон, Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳибистиқлол эълон намуда, “Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард. Бо қарори мазкур 9 сентябр ҳамчун рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Ба гуфтаи Рустами Эмомалӣ, дар он давра кишвари соҳибистиқлоли ҷавони моро имтиҳонҳои басо сахту сангин дар пеш буд ва мардуми Тоҷикистон бо сарбаландӣ аз ин имтиҳонҳо гузашта, бо ҷоннисориҳои фарзандони шуҷои худ онро ҳифз намуд:
“Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки баъди ба даст овардани истиқлолият сар зад, оромии ҷомеа ва амнияти давлату халқро халалдор сохта, фаъолияти сохторҳои давлатиро фалаҷ ва ба иқтисодиёти кишвар зарари бениҳоят вазнин расонид. Новобаста аз ин мушкилиҳо, мардуми кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мушкилиҳоро бартараф намуда, ба ваҳдати комили миллӣ ноил гардид.
Халқи қадршиноси тоҷик барои ин заҳматҳо ба сарвари давлати худ унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатро сазовор донистанд. Имрӯзҳо, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар роҳи устувори созандагиву рушд қарор дорад, мардуми шарифи кишвар дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, баҳри расидан ба ҳадафҳои миллии стратегии кишвар бо қадамҳои устувор ба пеш мераванд”, — гуфта шуд дар ҳамоиш.
Зикр гардид, ки барои ба даст овардан ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ нақши Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор басо муҳим аст. Зеро нахустин қадамҳо сӯи истиқлолият маҳз дар парламенти кишвар гузошта шуда буданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода оид ба нақши парламенти кишвар дар таҳкими истиқлолияти давлат маърӯза карда, доир ба хизматҳои арзандаи мақомоти намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат дар ҳифзу нигоҳдошти истиқлолияти давлатӣ, бахусус таҳкими заминаҳои ҳуқуқии он андешаҳои худро иброз намуд.
Дар ҷараёни кори конфронс ҳамчунин вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, Қозидавлат Қоимдодов, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президент дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Зариф Ализода, вакили Маҷлиси намояндагон Абдуҳалим Fаффоров мулоҳизаронӣ намуданд.
Fз ҷониби иштирокдорони конфронс вобаста ба омӯзиш, тарғибу ташвиқ ва гиромидошти истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва хизматҳои бузургу бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таклифу пешниҳодҳои ҷолиб баён карда шуданд.