Ориёнбонк ҳамкориҳоро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея тақвият медиҳад.
Ориёнбонк мутобиқи сиёсати хориҷӣ ва стратегияи ошкорбаёнии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, ҳамкориҳои шарикиро бо кишварҳои хориҷӣ ва ҷомеаи тиҷорати байналмилалӣ пайваста густариш медиҳад. Дар солҳои 2024-2025 ба амиқтар кардани ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. «Ориёнбонк» ягона бонки Тоҷикистон аст, ки дар Сеул намояндагии худро боз кард.
Ин намояндагӣ ҳамчун канали муҳим барои пешбурди лоиҳаҳои муштарак, густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармоягузории Корея ба иқтисоди Тоҷикистон хидмат мекунад. Дар доираи ин кор, Бонк дар ташаббусҳои фарҳангӣ ва башардӯстона, аз ҷумла тарҷумаи китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикон дар оинаи таърих, аз Ориён то Сомониён», ки ба забони кореягӣ аз чоп баромад, иштирок кард. Ҳамзамон бо як қатор ширкатҳои кореягӣ робитаҳои шарикӣ барқарор карда шуданд, ки барои ҳузур ва иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар кишвари мо манфиатдор мебошанд. Дар ин замина соҳаи тандурустӣ ба як самти алоҳидаи ҳамкорӣ табдил ёфтааст.
Бо дастгирии бевоситаи раиси Раёсати ҶСК «Ориёнбонк» ва дар натиҷаи ҳамкории мустақим бо ширкатҳои хусусии Корея интиқоли кумаки башардӯстона дар шакли маводҳои доруворӣ амалӣ карда шуд. Транши аввали дорувориҳо ба маблағи беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ моҳи ноябр ба Тоҷикистон ворид гардид ва рӯзи 11 декабри соли ҷорӣ дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон супорида шуд. «Ориёнбонк» ният дорад, ки минбаъд низ дар низоми молия ва бонкдории кишвар нақши калидӣ бозад ва ҳамзамон ҳамчун шарики боэътимод дар таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстона байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ хидмат кунад




