28 август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Данғара Комплекси агросаноатии мурғпарварии ҶДММ “Мармарӣ”-ро ифтитоҳ карданд.
Ин калонтарин инкубатор дар Тоҷикистон арзбёӣ гардида, ки иқтидори солонаи барориши чӯҷа дар он зиёда аз 5 миллион сар гуфта мешавад. Ба гуфтаи масъулин, 3 миллион сарро ба мурғхонаи комплекси парандапарварии “Мармарӣ” барои парвариш таҳвил дода, чӯҷаҳои боқимонда барои таъмини дигар мурғхонаҳои кишвар пешниҳод мегардад.
Баъди ифтитоҳи бинои инкубатор дар деҳоти Себистон фабрикаи парандапарварии мурғи гуштии комплекси агросаноатии мурғпарварии ҶДММ “Мармарӣ” ифтитоҳ шуд.
Гуфта мешавад, комплекси агросаноатӣ бо дарназардошти таъмини бозори истеъмолии пойтахти ҷумҳурӣ, ки таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти шаҳри Душанбе қарор дорад, ҷиҳати сари вақт ва бо сифати аъло пешниҳод намудани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ фаъолияти худро пеш мебарад.
Ҳудуди мурғхона 22,75 гектар заминро дар бар гирифта, дар он бинои маъмурӣ, 12 фермаи парвариши паранда, 4 анбор, бинои санитарӣ, 2 минтақаи коркарди санитарии техника ва обанбор сохта шудааст.
Дар ҳар як ферма то 30 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад ва давраи парвариш 45 рӯзро дар бар мегирад.
Бо истифода аз иқтидори ҳамаи мурғхонаҳо имкон аст, дар як сол зиёда аз 3 миллион сар мурғ парвариш карда шавад.
Маблағи умумии сармояи ба бунёди корхона ҷалбгардида 104 миллион сомониро ташкил дода, дар он якҷоя бо инкубатори корхона зиёда аз 160 ҷойи кории нав таъсис дода шудааст
Ҳамчунин, ҳамон рӯз дар шаҳри Душанбе Президенти кишвар ва Раиси шаҳри Душанбе забҳхонаи Комплекси агросаноатии ҶДММ “Мармарӣ”-ро ифтитоҳ карданд.
Забҳхона дар масоҳати 1,7 гектар бунёд гардида, аз биноҳои маъмурӣ, истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасони муосир иборат мебошад.
Бинои истеҳсолӣ аз ҷойи қабули паранда, коргоҳи забҳ ва кандани парҳо, шустан ва хунук кардани гӯшти паранда, коргоҳи ба қисмҳо ҷудо кардани паранда ва банду баст, сардхонаҳои махсуси яхкунандаи гӯшт ва сардхона-анборхонаҳо бо нигоҳдории маҳсулот то 18 дараҷа хунукӣ иборат мебошад.
Таъкид шудааст, ки ҷараёни забҳ бо тарзи ҳалол сурат мегирад.
Таҷҳизоти забҳкунанда аз ширкатҳои аврупоӣ ва чинӣ, ки дар бозори кишварҳои ҷаҳон мақоми хос доранд, харидорӣ карда шуда, асбобҳои забҳкунанда аз пӯлоди махсус, ки барои соҳаи хӯрокворӣ истифода мешавад, омода карда шудааст.
Бо мақсади муайян намудани сифати маҳсулот лабораторияи махсус ташкил карда шудааст, ки дар рафти корҳои забҳкунӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз рӯи сифат, намуд, андоза ва дигар нишондиҳандаҳои зарурӣ назорату корбарӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳаҷми умумии маблағи бунёди забҳхона 51 миллион сомониро ташкил дода, дар доираи фаъолияти забҳхона 100 ҷойи кории нав таъсис ёфтааст.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ширкат Президент ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва соҳибкорон барои бунёди чунин коргоҳи муосир, дастгирии ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, изҳори сипос карданд.
Рӯзи 28 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, ҳамчунин, дар пойтахти ҷумҳурӣ ҶДММ “Эскимо Мастер”-ро мавриди истифода қарор дода, бо раванди истеҳсолот дар он аз наздик шинос шуданд.
Гуфта мешавад, корхонаи нави саноатӣ дар пойтахт дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръат бо иқдоми соҳибкор Зариф Раҷабов дар ҳамкорӣ бо шарикон аз Русия ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Самти асосии фаъолияти корхона асосан ба истеҳсоли яхмос ва маҳсулоти қаннодӣ равона гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як сол наздик ба 500 тонна маҳсулот будааст.
Бо таъсис ва оғози фаъолияти ин корхона 220 нафар сокини маҳаллӣ, асосан духтарону занон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Сарвари давлат ба соҳибкор барои ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкорӣ ва созандагӣ дар самти таъсиси корхонаи нави саноатӣ, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии мамлакат равона шудааст, изҳори сипос карда, бо мақсади фаъолияти босамар ва тақвияти иқтидори истеҳсолии корхона маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ва суҳбати самимӣ бо кормандону масъулони корхона аз гӯшаи намоиши маҳсулоти тайёри корхона дидан намуданд.
Сарвари давлат зимни боздид аз истеҳсолоти тайёри корхона барои истифодаи боз ҳам пурраи имконоту иқтидори мавҷуда дар мамлакат ба роҳбарияти корхона ва дигар шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Президент ифтитоҳи корхонаи муосири саноатиро дар шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон иқдоми шоиста ва саҳми босазо дар пешрафту шукуфоии мамлакат арзёбӣ карда, масъулонро барои дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони ватанӣ бобати бунёд ва рушди истеҳсолот дар кишвар вазифадор карданд.
28 август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар ҶДММ “Композит Т.А.”-ро ифтитоҳ намуданд.
Санги асоси корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии “Композит Т.А.” 17 сентябри соли 2019 аз ҷониби Президенти кишвар ва Раиси шаҳри Душанбе гузошта шуда буд.
Дар корхона зиёда аз 150 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин шуда, дар як сол то 150 километр қубурҳои қутрашон гуногуни аз 300 то 3000 миллиметр истеҳсол мекунанд.
Истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ бори аввал дар кишвар ба роҳ монда мешавад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, баробари таъмини кишвар содироти он ба хориҷи мамлакат низ ба роҳ монда мешавад.
Пас аз ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе дар муаррифии автобусҳо иштирок намуданд.
Автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи “Акиа Ориё” истеҳсоли корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Тоҷикистон мебошад.
Корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри” аз аввали соли 2020 дар асоси фармоиши ҳукумати шаҳри Душанбе истеҳсоли автобуси дохилишаҳриро бори аввал ба таври силсилавӣ, бо номгузории тоҷикӣ — “Акиа Ориё” оғоз намуд.
Ёдрас мекунем, ки “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия буда, автобусҳои замонавии тамғаи “Акиа”-ро истеҳсол мекунад.
Дар айни замон аз ҷониби корхонаи муштарак ба таври силсилавӣ автобусҳо бо дарозии 8 ва 12 метр истеҳсол гардида, банду баст ва тарҳрезии автобусҳои дуошёна, автобуси таъиноти байнишаҳрӣ, автобуси бо гази табиӣ ҳаракаткунанда, электробус ва электро-троллейбус идома дорад.
Ҳамчунин корхонаи муштарак як адад электро-троллейбуси худрави озмоишии навро истеҳсол намуд, ки он муҷаҳҳаз бо техника ва технологияҳои нав, ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ва дорои иқтидорӣ ҳаракати автономӣ ба масофаи то 40 километр роҳ бе пайвастшави ба хатти нерӯи барқ аз ҳисоби нерӯи барқи ҷамъкардааш дорад.
Дар баробари ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй будани воситаи нақлиёт симои зоҳирӣ ва дохили он ба таври замонавӣ бо мақсади рафтуои бароҳати мусофирон тарҳрезӣ карда шудааст.
Корхона инчунин электробуси замонавии озмоишии навро бо тарҳи замонавӣ истеҳсол намуд, ки муҳаррики он пурра бо нерӯи барқ фаъолият карда, то масофаи 200 километр роҳ бо нерӯи барқ ҳаракат менамояд, ки аз лиҳози экологӣ яке аз безарартарин нақлиёт дар олам ба ҳисоб меравад.
Илова бар ин, бо дарназардошти ба инобат гирифтани содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои эҳтиёҷдор ба автобуси муҳаррикаш бо гази табиӣ ҳаракаткунанда дар заминаи имкониятҳои корхонаи муштарак тарҳрезӣ гашта, истеҳсол намудааст.
Дар баробари вазифаҳои тарҳрезигардида дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 амалигардонии ҳадафҳо дар самти ҳифзи муҳити зист ва фароҳам овардани шароити хуб барои ҳамлу нақли мусофирон бо харидори намудани автобусҳои наву муосир, электробусҳои замонавии ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй марҳила ба марҳила мавриди татбиқ қарор дода шуда истодааст, ки дар ин самт низ корхонаи муштарак кору фаъолияти худро равона намудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол то 300 адад воситаи наклиётро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ 150 нафарро ташкил медихад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити муосири хизматрасониву мусофиркашонӣ тавассути воситаҳои нақлиёти нав бо истифодаи имконоту иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт ва роҳандозии содироти автобусҳои истеҳсолшаванда дар ҶДММ “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.