Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 август бо Президенти Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом дода, аз ҷумла, ӯро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрику муборакбодӣ кардаанд.
Бино ба хабари Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, ҷонибҳо ҳамчунин ба муносибати ҷашни 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни ду давлат, ки ба 5 сентябри соли равон рост меояд, мубодилаи табрикот анҷом додаанд.
“Дар чорчӯбаи суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларус, инчунин як қатор масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи имрӯзаи Афғонистонро муҳокима карданд”, — хабар дод манбаъ.
Сарони ду давлат, ҳамчунин, рафти омодагӣ ба саммити дарпешистодаи СААД-ро, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муҳокима намудаанд.
Дар ин зимн аҳаммияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистон ва Беларус дар ҳама соҳаи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид карда шудааст.
Президентҳо рағбати худро ба таҳкиму тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус бар нафъи мардумони ду кишвар таъкид намудаанд.