10 декабри соли 2025 мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Ҷитсзюн баргузор гардид, иттилоъ додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунии муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Чин ва дурнамои рушди ҳамкориҳо табодули афкор карданд.




