Вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус

Shared to Facebook

2-юми декабри соли 2025 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус генерал-лейтенанти милитсия Кубраков Иван Владимирович баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои тақвият бахшидани  ҳамкориҳо ва мубодилаи таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Беларус дар самтҳои мубориза бар зидди  киберҷиноятҳо, истеҳсол ва истифодаи дронҳо, ташкил ва гузаронидани тамринҳои муштарак оид ба мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар масоили мубрам мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушду густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ, таъмини амният ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳори боварӣ намуданд.
Гул Маҳбуба/ВКД-иҶумҳурии Тоҷикистон

АКС: ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон