Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 2 август бо Котиби давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва Рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Доминик Рааб суҳбати телефонӣ анҷом додааст:
“Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла таҳкими cарҳад ва тағйирёбии иқлим гуфтугӯи судманд намуданд”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.
Ҳамчунин ба мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус вазъ дар Афғонистон, таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.