Имрӯз Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия Нуман Куртулмуш бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард, хабар додааст маркази матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.






